Лионел Мессиро 22 моҳи ҳабс таҳдид мекунад?
Лионел Месси, ҳамлагари тими “Барселона” ва падараш Хорхе Орасио Мессиро барои напардохтани молиёт ҳабс таҳдид мекунад.
Бино ба иттилои расонаҳо, додгоҳи Барселонаи Испания сешанбеи 31 май ба баррасии парванда алайҳи ситораи футбол Лионел Месси ва падараш оғоз кардааст. Қарор аст он то фардо, 3 июн идома кунад.
Ситораи ҷаҳонии футбол дар он муттаҳам мешавад, ки аз соли 2007 то 2009 дар ҳаҷми 4,1 миллион евро молиёт насупурдааст.
Ҳангоми исбот шудани гуноҳи ӯ ва падараш онҳоро ҳабс ба муҳлати 22 моҳ таҳдид мекунад.
Қаблан Месси вобаста ба ин қазия гуфта буд, “ман худамро ба футбол бахшидаам. Ман медонам, ки даста ҳаққи маро пардохт мекунад, дигарашро намедонам”.