Баҳси қазияи “Хованское” дар мулоқоти И.Сатторов бо К.Косачев
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Константин Косачев, раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба масъалаҳои байналмилалии Маҷлиси федеролии Русия мулоқот кардааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, яке аз мавзӯъҳои меҳварии ин дидор қазияи қабристони Хованскоеи Маскав буд.
Дар пайи ҳамлаи як гуруҳи мусаллаҳ ба муҳоҷирони кории тоҷик дар ин қабристон дар рӯзи 14 май се шаҳрванди Тоҷикистон кушта, даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд.
Константин Косачев гуфтааст, баъди мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федратсияи Маҷлиси федеролии Русия ба сенаторҳо дастур дода шуд, то қазияи қабристони Хованскоеро таҳти назорат бигиранд. Ба гуфтаи ӯ, Шӯрои Федератсия аз мақомоти дахлдор маводи иттилоотии марбут ба ин парвандаро дархост ва онро мавриди омӯзиш қарор додааст. “Раиси кумита оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатии Маҷлиси федеролӣ Андрей Клишас дар ин вохӯрӣ арз кард, ки масъалаи назорати тафтишоти қазия зимни вохӯриҳо бо Прокуратураи генералии Русия ба миён гузошта мешавад ва мо дар назди худ вазифа гузоштем, то назорати ҳамаҷонибаи парлумонии ин парвандаро таъмин намоем”,-хабар дод сухангӯи Сафорати Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, Имомуддин Сатторов дар навбати худ таъкид кардааст, ки сафорат аз рӯзи аввали сар задани ин қазия онро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст: “Сатторов арз намуд, ки масъалаи асосӣ таъмини тафтишоти воқеъбинона буда, сафорат дар ин самт бо мақомотҳои дахлдори Русия фаъолона ҳамкорӣ намуда истодааст”.