Зилзилашиноси амрикоӣ: Садди Роғун бехатартарин дар ҷаҳон хоҳад буд
Дэвид Симпсон, зилзилашиноси амрикоӣ, директори фахрии консорсиюми "Incorporated Research Institutions for Seismology” –IRIS муътақид аст, ки садди Роғун устувортарин дар ҷаҳон хоҳад буд.
Симпсон, ки якҷо бо мутахассисони тоҷик ба вуруд ва насби таҷҳизоти муосири зилзиласанҷӣ дар Тоҷикистон машғул аст, дар суҳбат бо “CA-News” изҳор доштааст, ки зимни бунёди садди “Роғун” фаъолии қишри замин дар атрофи он бояд ба қайд гирифта шавад: “Фикр мекунам, зимни тарҳрезии садди Роғун тамоми ин ҷанбаҳо ба назар гирифта шудаанд ва ман муътақидам, ки обанбори Роғун чун Норак бехатартарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Таҷриба нишон додааст, ки обанборҳо сангу хокӣ аз устувортаринҳоянд. Садди Роғун ба тамоми зилзилаҳо тобовар хоҳад буд”.
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метра, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари "Роғун" асосе надоранд, зеро об дар садди нерӯгоҳ ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа истифода хоҳад шуд.