Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ ба ҳабси абад маҳкум шуданд
Наздикони аъзои боздоштшудаи ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамуни наҳзати исломӣ мегӯянд, додгоҳ Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайниро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит имрӯз, 2 июн дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” аз қавли вакили дифои шавҳараш гуфт, Додгоҳи олӣ ин ду муовини раиси ҳизбро як умр аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бино ба иттилои наздикони боздоштшудаҳо ҳукми афроди дигар низ эълон шудааст. Онҳо мегӯянд, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода 16 сол, Раҳматуллои Раҷаб 28, Абдуқаҳҳори Давлат 28, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 23, Саттор Каримов 28, Зубайдуллоҳи Розиқ 25, Қиёмиддини Аваз 28, Саъдиддини Рустам 20, Воҳидхони Қосиддин 20, Муҳаммадшариф Набиев 14, Абдусамад Ғайратов 14 ва Зарафо Раҳмонӣ ягона зан миёни боздоштшудаҳо ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки нимаи аввали моҳи май айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи олӣ барои Сайидумар Ҳусайнӣ (ноиби аввали раиси ҲНИТ), Муҳаммадалии Ҳайит (ноиби раис), Қиёмиддини Аваз (раиси шӯъбаи душанбегии ҲНИТ), Абдуқаҳҳори Давлат (масъули равобити хориҷии ҲНИТ) ва Раҳматуллоҳи Раҷаб (раиси шӯъбаи ноҳияҳои тобеъи маркази ҲНИТ) ҳукми абад дар зиндони низомаш махсус талаб кард. Ӯ барои Ҳикматулло Сайфуллозода (муҳаррири ҳафтаномаи “Наҷот”) - 30 соли зиндон, Муҳамадалии Файзмуҳаммад (раиси Шӯъбаи тафтишоти ҲНИТ) - 29 сол, Зубайдуллоҳи Розиқ (раҳбари шӯъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ) - 30 сол, Саттор Каримов (маъруф бо Эшони Саттор) - 28 сол, Саъдиддини Рустам - 24 сол, Воҳидхони Қосиддин (раҳбари шӯъбаи интихоботии ҲНИТ) - 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев (раиси шӯъбаи хатлонии ҲНИТ) - 16 сол, Абдусамад Ғайратов (раиси бахши минтақаи Кӯлоби ҲНИТ) - 16 соли зиндони низомаш сахт талаб намуда, аз додрас хост барои Зарафо Раҳмонӣ (мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ) 5 соли маҳбас таъин кунад.
Аммо бино ба иттилои наздикони боздоштшудаҳо, ҳангоми суханронӣ дар додгоҳ иттиҳомот алайҳи худро рад карда, аз қозии парванда ҳукми одилонаро талаб кардаанд.
Ин афрод, ки узви раёсати олии ҲНИТ буданд, баъд аз амалиёт алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр бо нашри як изҳорот гуфт, ин афрод баъди пурра нобуд кардани аъзои гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” (Абдуҳалим Назарзода) қасди фирор аз кишварро доштаанд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зикршуда боздошт гардиданд".
Ин ниҳод баъдан эълон кард, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.