Зайнабгул – занбурпарваре аз Восеъ (ВИДЕО)
Зайнабгул Зоирова, як сокини деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба қавле ба “кори мардакӣ” машғул аст. Ӯ занбури асал мепарварад.
Дар Тоҷикистон аслан мардҳо занбурпарварӣ мекунанд, аммо Зайнабгул аз онҳо кам намеояд, ҳарчанд ин корро ба тариқи худомӯз ёд гирифтааст. Ӯ дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, як сол қабл лоиҳаи ӯ дар мавриди парвариши замбури асал баргузида шуд ва ба дарёфти гранти президентӣ мушарраф гардид: “Маблағи ҷудошуда 10000 сомонӣ буд ва ман 10 оила занбури асал харидорӣ кардам. Парвариши занбури асал кори мушкил аст, каме бетаваҷҷуҳӣ метавонад сабаби аз байн рафтани онҳо гардад. Бо онҳо бояд хеле самимӣ муносибат кунӣ”.
Зайнабгул мегӯяд, ба танҳоӣ занбурпарварӣ мекунад, ҳамсараш Абдулло бештар ба корҳои хоҷагӣ машғул аст. Ӯ қасд дорад дар оянда теъдоди қуттиҳои занбурро бештар кунад.