Ҷузъиёти нави қатли тоҷикон дар Хованск: Ташкилкунанда маълуму иҷрокунанда не
Мақомоти тафтишотии Русия алайҳи Юрий Чабуев, раҳбари пешини қабристони Хованское ва Александр Бочарников, ҳаммуассиси ташкилоти “Здоровая нация" барои ташкили куштор айб эълон кардаанд.
Дар ин бора “Комерсант” бо такя ба манобеяш хабар дода, афзудааст, ки Бочарников инчунин дар муомилоти ғайриқонунӣ бо силоҳ айбдор мешавад.
Тибқи гуфтаи муафатишон Чабуев хостааст коргарони тоҷикро таҳти назорат гираду маҷбур созад, ки бахше аз даромади худро ба ӯ бидиҳанд ё кори худро қатъ кунанд.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, Чабуев ва Бочарников барои амалӣ кардани хостаи худ гуруҳи калони ҷавонон аз он ҷумла аъзои ташкилоти “Здоровая нация”-ро ҷалб кардаанд.
Муфаттишон гуфтаанд, ки Чабуев ва Бочарников ҷавонони ҷалбшударо аз асли ҳадафи худ хабардор накарда, танҳо гуфтаанд, ки коргарони тоҷик аз боздидкунандагони қабристон пул мегиранд ва ҳайкалҳои гӯрҳоро медузданд. Дар пайи муноқиша се шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти тафтишотии Русия то ҳол қотилони бевоситаи шаҳрвандони Тоҷикистонро муайян накардаанд. Аз миёни 14 ҳабсшуда 12 нафарашон дар авбошӣ муттаҳам мешаванд.
Инчунин манбаи “Комерсант” изҳор доштааст, ки барои муфаттишон то ҳол ҷузъиёти марги Суҳроб Хушаков, яке аз се шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Хованск рӯшан нест: “Ташхиси аввалия нишон дод, ки Хушаков аз қалбаш тир хӯрда ҷон додааст. Аммо ҷасадаш на дар қабристони марказии Хованск, балки дар шимоли он ёфт шудааст, ки роҳи пиёдагард аз макони муноқиша то ҷои дарёфти ҷасад як соат вақт мегирад”.
Тибқи навиштаи “Комерсант” ташхисгари судӣ изҳори шубҳа кардааст, ки Хушакови 26-сола ба муноқишаи 14-уми май рабт дорад ва эҳтимол ӯ шаби пеш аз муноқиша кушта шудааст: “Ду нафари дигар-Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 зери чархи мошини аъзои “Здоровая нация” ба ҳалокат расидаанд”.
Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд, мақомоти Русия ахиран 5 тоҷик - Бӯриев Ҳоҷиқурбон Фозилович, Чақалов Ҷомӣ Хоҷаевич, Юнусов Диловар Муҳаббатович, Аҳмадов Шоймардон Аъзамович ва Садриддинов Раҳмиддин Бадриддиновичро бо иттиҳоми авбошӣ барои ду моҳи дигар ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.