Боздошти хусур бо иттиҳоми қатли келин дар Суғд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 64-сола, сокини ноҳияи Деваштич хабар дод, ки дар қатли келинаш муттаҳам мешавад.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, хусур дар он муттаҳам мешавад, ки 1-уми июн тахминан соати 05:30 бо келини 32-солааш муноқиша карда, бо корд ӯро маҷруҳ кардааст: “Якчанд маротибаи дигар бо зарфи обгирӣ-офтоба ба сари келин задааст, ки дар натиҷа, зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.