Мақомот: Талабаҳоро ташхис кардем, ҳамаашон сиҳат буданд
Мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабари бад шудани вазъи саломатии боз даҳҳо мактабхони деҳаи Хоҷағалтонро шарҳ доданд.
Тавре аз мақомоти иҷроия, тандурустӣ ва маорифи Шамсиддини Шоҳин ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 1-уми июн талабаҳоро танҳо барои ташхиси дубора ба беморхона овардаанд: “Беш аз 20 нафар буданд ва баъди ташхис ҳама мураххас шуданд”.
Мусоҳибони “Озодагон” изҳор доштанд, ки корҳои поксозӣ дар мактаб идома доранд ва вазъи саломатии ҳамаи талабаҳо хуб мебошад: “Масъулини тиб дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва ба ҳар нафаре, ки аз саломатияш шикоят мекунад, фавран кӯмак мерасонанд”.
Ин изҳороти мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони ин ноҳия рӯзи 1-уми июн бо “Озодагон” дар тамос шуда, хабар доданд, ки вазъи саломатии боз даҳҳо мактабхон бад шудааст.
Аз ҷумла Ҳамрохон Икромов, падари яке аз талабаҳои ҷабрдида 1-уми июн ба “Озодагон” гуфт, “айни ҳол наздики 40 нафарро, ки дар мактаб вазъи саломатияшон бад шудааст, боз ба беморхона овардаем. Вазъи ду нафари онҳо вазнин аст, боқимондаҳо табобат гирифта, рафта истодаанд ”.
Ӯ афзуд, беҳушшавии мактабхонҳо баъди “дезинфексия”-е, ки “Саъдӣ”, як ташкилоти ғайридавлатӣ дар синфхонаҳо гузаронд, афзоиш ёфт. Икромов афзуд, ки чанд рӯз қабл низ ҳудуди 70 мактабхон аз ҳуш рафта буданд: “То ҳоле ҳеч кас масъулияти ин корро ба гардан нагирифтааст”.
Аммо мақомоти тандурустии Тоҷикистон дар шарҳи беҳушшавии мактабхонҳои деҳаи Хоҷағалтон изҳор доштанд, ки онҳо аз таъсири доруи зидди пашша заҳролуд гардидаанд. Мақомоти иҷроияи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегӯянд, баъди безараргардонӣ масъулини мактаб огоҳ карда шуданд, ки бояд 3 соат дару тирезаҳоро кушода монанду ҳуҷраҳоро бо латтаи нам пок созанд, ки риоя нагардидаст.