Бузургсолии кӯдаки тоҷик ва волидони вайберӣ
Сайф Сафар
Тоҷикистон “Рӯзи ҷаҳонии кӯдак”-ро мисли чандин “рӯзҳои ҷаҳонӣ”-и дигар ҷашн мегирад, ки ба назарам бар пояи вазъи мавҷуди ин қишри ҷомеа як миқдор таноқуз эҷод мекунад. Ҳудуди 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебарад, ки худ гӯёи вазъи кӯдакони ин ҷуғрофиё аст. Хусусан замоне, ки суҳбат аз стандартҳои ҷаҳонии шароити зиндагии як кӯдак мекунем; пушти сар кардани бебарқии чандмоҳаи ҳарсола, таҳсил дар мактабҳои камкайфият, ҷалб шудан ба корҳои сангин, ки бар пояи қавонини байналмилал писандида нест.
Дар шаҳр, табиист, ки вазъи кӯдакон аз русто бамаротиб фарқ мекунад, аммо теъдоди қобили таваҷҷуҳ дучори шароити нохубанд. Гирифта аз плостикфурӯшӣ дар бозорҳо, носфурӯшӣ дар сари роҳҳо, дастёрӣ ба ронандаи мусофиркашҳо ё худ пулчинак то шуғлҳои дигар, ки як кӯдак бояд аз он дар канор ва фарогири таҳсил бошад. Аз ин рӯ, метавон “Рӯзи ҷаҳонии кӯдак”-ро дар Тоҷикистон “Рӯзи нигаронии кӯдак” гуфт.
Ай кош, мушкили кӯдаки тоҷик бо шумурдани мушкилоти боло хулоса мешуд, ки дохилиянд ва рӯзе ҳал мешуданд. Аммо, ин қишри ҷомеа даргири масоили печидатаре аст. Муҳоҷират яке аз онҳост, ки касе тавони нарм кардани дасту панҷа бо онро надорад. Намунаҳои бешумор дорем, ки дидори аввалини падару фарзанд дар вайбер сурат мегирад ва гоҳо ҳам иттифоқ меуфтад, ки он падар пас аз 4-5 сол ба дидори фарзанд мерасаду боз бармегардад. Ин вазъ, метавон гуфт, кӯдаки бенасиб аз меҳри падар ё парандаи маҳрум аз як болро ба намоиш мегузорад, ки саранҷом ба нокуҷо мерасад. Муҳоҷират бахши дигаре аз кӯдакони тоҷикро гирифтори асолатбохтагӣ, беҳуввиятӣ ва беморӣ ва маргумир ҳам мекунад, ки зарбаи муҳлик бар камари бемори миллат аст. Намунаи боризи қурбони муҳоҷират Умаралӣ Назаров, кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик аст, ки соли гузашта дар пайи боздошти модараш дар беморхона ҷон дод.
Гузашта аз ин кӯдаки тоҷик, ки як маъсум ва аммо фардо як масъул ва тарбияткунандаи насли дигар аст, дар вазъияти носолими воқеъиятҳои рӯз бузург мешавад. Ӯро аз таввалудхона, ки дар дараш навиштаи “Таввалуд ройгон аст” бо пардохти пуле, ки набояд пардохта шавад, “мехаранд”. Ӯро ба кӯдакистоне мебаранд, ки гоҳу бегоҳ ба волидайнаш аз “пули собун” ва “пули ҷорӯб” пайём мерасонад. Баъдаш ҳам по ба мактабе мегузорад, ки ин “пул”-ҳо онҷо ҳам ҷойи по доранд. Ба ин тартиб, бо вуруд шудан ба донишгоҳ аз тариқи Маркази миллии тестӣ, ки ба бовари раиси Маҷлиси намояндагон мардум ҳанӯз ба он боварии комил надоранд, бо кӯдакияш худоҳофизӣ мекунад.
Мартин Лютер, раҳбари Ҷунбиши мадании амрикоиҳои африқоитабор дар бахше аз суханронии маъруфаш “Рӯёе дорам” гуфтааст: “Рӯёи ман ин аст, ки рӯзе чаҳор фарзанди кӯчакам дар кишваре зиндагӣ хоҳанд кард, ки онҳоро на ба сабаби ранги пӯст, балки бо дарунмояи шахсиашон қазоват мекунанд.”
Пас рӯё чизе набудааст, ки амалӣ нашавад ва они мо ҳам ин аст, ки тамоми атфоли тоҷик кӯдакии мамлӯ аз сурур дошта бошанд ва дар канори волидайни худ бар камол бирасад. Рӯзи ҷаҳонии кӯдак муборак бод!