Бозхонии таронаи машҳури “Маст қаландар” аз сӯи Самӣ Юсуф (ВИДЕО)
Самӣ Юсуф, хонандаи машҳури таронаҳои исломӣ суруди покистонии “Маст қаландар”-ро бозхонӣ кардааст.
“Маст қаландар”, ки ба ҳазрати Алӣ, яке аз ёрони содиқи паёмбари Ислом – Муҳаммад (с) бахшида шудааст, бори нахуст аз сӯи Нусрат Фатҳ Алӣ Хон, овозхони номовари покистонӣ дар сабки “қавволӣ” иҷро шудааст. Коршиносони умури дин бар инанд, ки ин сабк мутаалиқ ба суфиҳои Покистон мебошад. Муаллифи шеъри "Маст қаландар" Амир Хусрави Деҳлавӣ гуфта мешавад, ки Алӣ Хон онро бо каме тағйирот сурудааст.
Нусрат Фатҳ Алӣ Хон ҳам дар Покистон ва ҳам дар Ҳиндустон шуҳрати зиёд дошта, муаллифи чандин оҳангҳои филмҳои ҳинду гуфта мешавад. Ӯ чанд сол қабл даргузашт ва дар бораи зиндагиаш Ҳолливуд филм бардоштааст.
Оҳанги таронаи “Аллоҳу”-и Самӣ Юсуф ҳам, ки барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард, моли Алӣ Хон мебошад. Дар суруди “Маст қаландар”, ки Самӣ Юсуф бозхонӣ мекунад, ҳазрати Алӣ ба қаландаре монанд мешавад, ки дар ишқи Аллоҳ маст аст. Як пора аз навори онро Юсуф дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук нашр кард ва бинандаҳои зиёде онро писандидаанд.