Додгоҳи ноҳияи марказии шаҳри Челябинск, имрӯз, 1-уми июн Комил Ҷамилов, зодаи 23-солаи Тоҷикистонро дар марги Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск гунаҳкор дониста, ба 3 солу 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.
Тибқи иттилоияи додситонии Челябинск маҳкумшуда дар мурофиаи додгоҳӣ гуноҳашро пурра эътироф накард ва иддао дошт, ки зарбааш наметавонист барои Спиридонов марговар бошад.
Қаблан Владимир Гупенко, масъули Кумитаи тафтишотӣ гуфт, Ҷамилов зимни тафтишот низ гуноҳашро танҳо қисман иқрор кардааст: “Ҷамилов гуфт, зарбаи ӯ наметавонист, ки боиси марги Спиридонов шавад. Аммо ташхиси тиббӣ нишон дод, ки зарбаҳои муттаҳам марговар будаанд”.
Кумитаи тафтишотӣ Ҷамиловро инчунин дар расондани зарари ҷисмонӣ ба ду нафаре муттаҳам карда буд, ки ӯро таъқиб карда, хостаанд боздошт кунанд: “Ҷамилов ба ҷоғи ин ду нафар ҳам як зарбаӣ задааст”.
Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск, ки бо зарби як мушти тоҷиктаборе аз пой афтида буд, 19 августи соли гузашта ба ҳалокат расида буд. Ба иттилои расонаҳо, қазия соати 4-и субҳи 4 август дар назди майхонаи “Топка”-и Челябинск сурат гирифтааст: “Миёни мухлисони “Трактор” ва гуруҳи ҷавонон муноқиша сар задааст. Ҷонибҳо барои ҳалли қазия ба беруни майхона баромадаанд”.
Дар навори сабткардаи дурбинҳои майхона дида мешавад, ҷавони кулоҳпӯш, ки гуфта мешавад Ҷамилов аст бо як зарба Спиридонови 37-соларо аз пой меафтонад. Гуфта мешавад, баъди афтидан сари Спиридонов осеб дида, ба беморхона интиқол ёфтааст ва ду ҳафта пас ҷон додааст.
Шаби 11 ба 12 август дар пайи амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Челябинск ва Хадамоти федералии амният - “ФСБ” Комил Ҷамилов боздошт гардида буд. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Ҷамилов шаҳрвандии Русияро дошта, дар Челябинск ба сар мебарад: “Ӯ ба машқи муҳорибаҳои бидуни қоида низ машғул будааст”.
ВИДЕОи муноқиша, ки расонаҳои русӣ нашр кардаанд: