Вазири адлия дар бораи “афви тиллоӣ” ва озодии Ёқуб Салим
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи “афви тиллоӣ” ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ иттилои дақиқ надорад.
Дар ҳоле, ки овозаи афви маҳбусон ба муносибати 9-уми сентябр, 25-умин солгарди Истиқлолият, кишварро фаро гирифтааст, вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз, 1-уми июн ба хабарнигорон гуфт, ин масъала дар баррасии дастгоҳи иҷроияи Президент аст. Ӯ афзуд, эълони афв салоҳияти Президент буда, Вазорати адлия ин масъаларо муайян намекунад.
Дар мавриди озодии Ёқуб Салим, собиқ вазири умури дохилӣ, Рустами Шоҳмурод изҳор дошт, ки бо анҷоми муҳлати ҷазо ӯ аз зиндон раҳо хоҳад шуд.
Рӯзи қабл манобеи муътамади “Озодагон” изҳор доштанд, ки Ёқуб Салим 21-уми июни соли равон аз боздоштгоҳ раҳо хоҳад шуд.
Аввали соли равон Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон низ овозаҳо перомуни тамдиди муҳлати ҳабси Ёқуб Салимро рад карда буд. Ҷаноби Шоҳиён таъкид намуд, Додгоҳи олӣ муҳлати ҳабси Ёқуб Салимро тамдид накарда ва ҳеч ниҳоде ҳаққи дароз кардани ин муҳлатро надорад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салим, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва яке аз қумандонҳои Фронти халқиро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам гардид.
Ӯ моҳи июни соли 2014 бо ирсоли як нома ба Додситонии генералӣ ва Додгоҳи олӣ гуфта буд, то анҷоми муҳлати ҷазояш ҳудуди 1 солу 8 моҳи дигар мондааст ва дархост намуд, шартан пеш аз муҳлат раҳояш кунанд, чун вазъи саломатиаш хуб нест. Аммо дархости ӯ беҷавоб монда буд.