Даргузашти ҳамсари Абдулфайз Атоев дар Эрон
Бибисоро Бойаҳмадова, ҳамсари Абдулфайз Атоев, мушовири сафири Тоҷикистон дар Туркманистон дар синни 60-солагӣ даргузаштааст.
Наздикони ҷаноби Атоев ба “Озодагон” гуфтанд, марҳум бар асари бемории фишори хун дар Эрон чашм пӯшидааст: “Маросими ҷаноза фардо, 2 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад”.
Абдулфайз Атоев, хабарнигор ва дипломати тоҷик моҳи апрели соли 2013 раҳбари Раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъин шуда, аз моҳи ноябри соли 2015 ба ҳайси мушовири сафири Тоҷикистон дар Туркманистон фаъолият мекунад.
Ҳайати кормандони Гуруҳи расонаҳои “Озодагон” ба наздикон ва пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.