Чораҳои зиддибуҳронӣ: Андоз аз пахта, ошхонаҳо, “Роғун”... сабук шуд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар доираи чораҳои зиддибуҳронӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ имрӯз, 1-уми июн тағйирот ба қонуни буҷа барои соли 2016-ро қабул кард.
Тибқи ин тағйирот, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, андоз аз содироти пахта, истеҳсолкунандаҳои орд, нуқтаҳои ғизои умумӣ ва муассисаҳои таълимӣ сабуктар мешавад.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молия зимни муаррифии тағйирот гуфт, дар доираи тадбирҳои зиддибуҳронӣ андоз аз содироти пахта бекор карда мешавад: “Андоз аз арзиши иловашуда аз гандуми воридотӣ, ки дар дохил коркард мешаваду орд истеҳсол мегардад, аз 18 фоизи феълӣ то 10 фоиз поин оварда мешавад”.
Инчунин андоз аз арзиши иловашуда аз корхонаҳои ғизои умумӣ ва муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои хусусӣ аз 18 ба 5 фоиз поин бурда шуд.
Ҷонмаҳмадова изҳор дошт, ки дар пайи тағйироти воридшуда корхонаи НБО “Роғун” низ аз супордани андози роялтӣ озод карда шуд.
Ироаи ин сабукиҳо дар ҳолест, ки бисёре аз намояндаҳои бахши хусусӣ ва коршиносони иқтисодӣ андозҳои гаронро яке аз монеаҳои асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.