Усули нави фурӯши моликияти давлат: Боз баргардон...
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 1-уми июн ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он давлат метавонад иншооти инфрасохторияшро муваққатан ба бахши хусусӣ фурӯшад.
Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни муаррифии лоиҳа гуфт, давлат ҳақ пайдо мекунад, ки биною иншооти инфрасохториро ба бахши хусусӣ диҳанд: "“Тибқи ин лоиҳа биноҳои инфрасохторӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоиро, ки таҳти идораи давлат қарор доранд, метавон ба муҳлати муайян ба шарики хусусӣ дод. Шарики хусусӣ бо истифода аз маблағҳои худӣ ё дигар, объектро таҷдид, таъмир ё муҷаҳҳаз мегардонад. Дар муҳлати муайянкардаи созишномаи шарикӣ иншоотро истифода бурда, маблағҳои сарфнамудаашро бо фоида мегирад ва пас аз анҷоми муҳлати созишнома биноро ба давлат бармегардонад”.
Раиси Кумитаи сармоягузоӣ ҳадафи тағйиротро ҳамкории бештари давлат ва бахши хусусӣ гуфта, таъкид намуд, ки бо усули нав бештар биною иншооти инфрасохторӣ ба бахши хусусӣ дода хоҳанд шуд.
Қодири Қосим дақиқ накард, кадом биноҳои инфрасохториро дар назар дорад, аммо “Википедиа” дар феҳрасти иншооти инфрасохторӣ, иншооти марбут ба нақлиёт, таъминоти нерӯи барқ, газ, об, иншооти соҳаи фарҳанг маориф ва тандурустиро зикр кардааст.