Қазияи Хованское: Эълони исми 5 муҳоҷири тоҷик, ки дар “авбошӣ” муттаҳам мешаванд
Исми панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки мақомоти Русия муҳлати дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштани онҳоро барои ду моҳи дигар тамдид кард, эълон шудааст.
Рӯзи гузашта расонаҳои русӣ навиштанд, аз 22 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи қазияи занозании рӯзи 14 май дар қабристони Хованскоеи Маскав боздошт шуданд, 17 тани онҳо баъди анҷоми муҳлати ҷазои маъмурӣ раҳо шуданд. Аммо нисбати панҷ нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфтанд, нисбати Бӯриев Ҳоҷиқурбон Фозилович, Чақалов Ҷомӣ Хоҷаевич, Юнусов Диловар Муҳаббатович, Аҳмадов Шоймардон Аъзамович ва Садриддинов Раҳмиддин Бадриддинович тибқи моддаи 213, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Русия (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои таҳқиқи амиқи парванда муҳлати нигоҳдории онҳо 2 моҳ тамдид шудааст.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат мегӯяд, барои муайян кардани тамоми ҷузъиёти ин парванда кормандони Хадамоти консулӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба Додгоҳи ноҳияи Твер рафта, бо роҳбари гуруҳи тафтишотии Сарраёсати тафтишоти ВКД дар шаҳри Маскав Веретенников А.Н. ва корманди Сарраёсати мазкур Сергеев С.И. мулоқот кардаанд: “Бо ибтикори Сафорат барои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон адвокат ҷалб карда шуд. Кормандони Сафорат ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо хешовандони шаҳрвандони боздоштшуда дар тамос буда, барои расонидани мусоидати зарурӣ чораҷӯӣ намуда истодаанд”.
14 май як гуруҳи мусаллаҳ ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар қабристони Хованское фаъолият мекарданд, ҳамла карданд. Дар натиҷа се шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуд. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, бар пояи иттилои расмӣ 14 тан аз ҳамлаварон боздошт ва таҳти тафтишот қарор доранд.