Шӯрои уламо қасамхӯрӣ ба Қуръон ва рӯзахӯрӣ аз фаромӯширо ҷоиз донист
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фатво додааст, ки агар рӯзадор ба фаромӯшӣ чизе хӯрад ё нӯшад ва ё бо ҳамсараш ҳамхоба шавад, рӯзааш намешиканад ва қазо ҳам воҷиб намешавад.
Ин ниҳод дар посух ба суоли як корбари сомонааш бо такя ба “Бухорӣ. 1933, Муслим. 1673” аз қавли Паёмбари Ислом (с) овардааст: “Агар шахсе дар ҳоли рӯза фаромӯш карда хӯрад ё нӯшад, рӯзаи худро ба охир расонад, зеро Худованд (ҷ) ӯро хӯронида ва нӯшонидааст”.
Ба суол дар мавриди қасам додан ба Қуръон, Шӯрои уламои Тоҷикистон изҳор доштаст, ки қасам бо Қуръони азимушаън аз нигоҳи аксари уламои ҳанафӣ дуруст аст: “Инчунин дар урфи мардуми кишвар қасам хурдан ё касеро қасам додан бо Каломуллоҳ маъмула аст ва қасам ҳисобида мешавад, вақте ки мебинӣ қасами бо Қуръон таъсири зиёд дорад ва фатво бар ин қавл аст”. Шӯрои уламо далели ин фатвояшро «Шарҳи Илёс», ҷ.2, саҳ.311 нишон додааст.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки “қасам додан бо Қуръон имрӯз дар кишвари мо мақбул аст ва бисёртар мардум кӯшиш мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ якдигарро барои итминони комил ҳосил кардан ба Қуръон қасам бидиҳанд ва хотирҷамъ ҳам мешаванд”.