Эълони рӯзи озодии Ёқуб Салим: Ӯ соатҳоро ҳисоб дорад...
Манобеи муътамади “Озодагон” мегӯянд, то рӯзи раҳоии Ёқуб Салим, вазири пешини умури дохилӣ ва яке аз қумандонҳои собиқи Фронти халқӣ расо се ҳафта боқӣ мондааст.
Мусоҳибони “Озодагон” имрӯз, 31-уми май изҳор доштанд, ки Ёқуб Салим 21-уми июни соли равон аз боздоштгоҳ раҳо хоҳад шуд. Наздикони Ёқуб Салим низ дар суҳбат бо “Озодагон” ин санаро тасдиқ карда, афзуданд, ки ӯ бисёр муштоқи озодист: “Зимни мулоқоти охир, ки ду ҳафта пеш баргузор шуд, бисёр дар ҳаяҷон буд, соатҳоро ҳисоб дошт”.
Эълони санаи озодии Ёқуб Салим дар ҳолест, ки Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон аввали соли равон дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, бо анҷоми муҳлати ҳабс касе ҳақи нигоҳ доштани Ёқуб Салимро дар зиндон надорад: “Пас аз анҷоми муҳлат ӯ озод хоҳад шуд”.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон низ овозаҳо перомуни тамдиди муҳлати ҳабси Ёқуб Салимро рад карда буд. Ҷаноби Шоҳиён таъкид намуд, Додгоҳи олӣ муҳлати ҳабси Ёқуб Салимро тамдид накарда ва ҳеч ниҳоде ҳаққи дароз кардани ин муҳлатро надорад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салим, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва яке аз қумандонҳои Фронти халқиро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам гардид.
Ӯ моҳи июни соли 2014 бо ирсоли як нома ба Додситонии генералӣ ва Додгоҳи олӣ гуфта буд, то анҷоми муҳлати ҷазояш ҳудуди 1 солу 8 моҳи дигар мондааст ва дархост намуд, шартан пеш аз муҳлат раҳояш кунанд, чун вазъи саломатиаш хуб нест. Аммо дархости ӯ беҷавоб монда буд.