Коргардони рус филми навашро дар Тоҷикистон навор мегирад
Павел Лунгин, коргардони шинохтаи Русия гуфтааст, филми навашро, ки дар бораи ҷанги Афғонистон нақл мекунад, дар Тоҷикистон навор хоҳад гирифт.
Расонаҳо бо нақл аз Лунгин менависанд, ин филм “Братство” (Бародарӣ) ном дошта, буҷаи он наздик ба 270 миллион рублро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Павел Лунгин, идеяи “Братство” баъд аз шиносоӣ бо як афсари КГБ, ки дар Афғонистон хидмат кардааст, пайдо мешавад.
Павел Лунгин филмҳое чун “Остров”, “Такси-блюз”, “Луна-парк”, “Олигарх” ва “Свадба”-ро коргардонӣ кардааст.