Ҷароҳати 4 мактабхон аз зарби корди донишҷӯён дар Рӯдакӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду донишҷӯи 19 ва 21-сола хабар додааст, ки дар латукӯб ва кордкашӣ ба сари хонандаҳои синфи 10 ва 11-и мактаби миёнаи ноҳияи Рӯдакӣ айбдор мешаванд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, донишҷӯёни боздоштшуда, ки сокинони шаҳри Ваҳдату Душанбе мебошанд, пеш аз зуҳри 30-юми май дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ бо 4 хонандаи синфҳои 10 ва 11-уми мактаби мазкур муноқиша кардаанд: “Донишҷӯён мактабхонҳоро латтукӯб намуда, сипас ҷавони 21-сола, сокини шаҳри Ваҳдат бо корд ба узвҳои бадани ноболиғон зарба задааст. Дар натиҷа ҳамаи онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд”.
Манбаъ мегӯяд, феълан корд ҳамчун далели шайъӣ мусодира шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.