Се кушта бар асари сангрезӣ тайи ду рӯзи охир
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари сангрезӣ дар кишвар тайи ду рӯзи охир се нафар кушта шудаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шоми 29-уми май дар мавзеи “Работ”-и ноҳияи Айнӣ аз кӯҳ сангпора афтида, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2121” бархӯрдааст: “Дар натиҷа ронандаи 25-сола, сокини ноҳияи Айнӣ ва мусофираш, марди 61-сола, сокини шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Ин дар ҳолест, ки рӯзе пеш дар ҳудуди деҳаи Бидурди ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон дар пайи сангрезӣ трактори “LD 6Н-6” ба чуқурии 30-метрӣ чаппа шуда, ронандаи 60-сола дар беморхона ба ҳалокат расида буд.