Навҷувонов дар бораи сабабҳои гаравидани сокинон ба гуруҳҳои тундрав
Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сабабҳои гаравидани сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғдро ба гуруҳҳои тундрав, паст будани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва бетарафии ҷомеа, ба вижа ходимони дин ва имом-хатибон унвон кардааст. Ӯ ин нуктаро дар як ҳамоиш дар шимоли кишвар изҳор доштааст.
Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ин ҳамоиш бо иштироки намояндаҳои Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, ходимони дин, сархатибон, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта баргузор шуд. Ҳадафи онро манбаъ “ҷилавгирӣ аз шомилшавии сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба равияҳои номатлуби ифротгаро ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон” гуфтааст.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ин ҳамоиш таъсири манфии терроризмро дар мавқеи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, махсусан Тоҷикистони соҳибистиқлол хатарзо унвон намудааст. Ҷаноби Давлатзода аз тамоми иштирокдорони ҳамоиш, махсусан ходимони дин даъват кардааст, дар пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зичро ба роҳ монда, саҳми хешро дар решакан намудани ин падида гузоранд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон бошад, дар навбати худ, аҳкоми шариати дини Исломро барои шахсоне, ки ба гуруҳҳои ифротгаро шомил мешаванду хуни ноҳақ мерезанд, шарҳ дода, гуруҳбозиву тафриқаандозии ташкилотҳои террористиро, ки аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд, маҳкум намудааст. Ба таъкиди ӯ, “фаъолияти чунин гурруҳҳои бо ном “исломӣ” ба нестшавии миллат ва давлат оварда мерасонад”.