Ноиби вазир: Мактабхонҳо дар Ваҳдат аз бӯи лола беҳуш шудаанд
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар шарҳи беҳуш шудани 10 мактабхони деҳаи Сӯфиёни ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат ба “Озодагон” гуфт, онҳо баъди бӯидани гули лола ба чунин ҳол гирифтор шудаанд.
Ҷаъфаров, имрӯз, 30-юми май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, 10 мактабхони синфҳои 10 ва 11-и деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат рӯзи 27-уми май бо аломатҳои дарди сар, бемадорӣ ва мадҳушии миёна дар беморхона бистарӣ шуда буданд: “Ҳамон рӯз ин мактабхонҳо аз саҳни мактаб як гули Лоларо чида, ба навбат бӯй кашидаанд. Баъди ин вазъи саломатияшон бад мешавад ва муаллимон онҳоро соати 11 ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд. Мутахассисон мегӯянд, аломати заҳролудшавиро дар талабаҳо пайдо накардаанд ва соати 20:15-и 27-уми май онҳоро аз беморхона ҷавоб додаанд”.
Ҷаъфаров дар мавриди сабабҳои эҳтимолии беҳуш шудани наврасон гуфт, “мумкин он гули лоларо бо ягон мавод зидди ҳашарот коркард кардаанд, ки мактабхонҳоро ба чунин ҳол расондааст. Ҳозир ба тақҳқиқи ин қазия мақомоти прокуратура машғул аст”.
Шокирҷон Холов, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат дар суҳбат бо “Озодагон” заҳролудшавии мактабхонҳоро рад карда, гуфт, “танҳо ду нафари калонсол ба мо бо нишонаҳои “истерика” муроҷиат кардаанд”. Дар мақомоти додситонии Ваҳдат изҳор доштанд, ки таҳқиқи қазия идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти тандурустии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта беш аз 50 мактабхони деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, собиқ Шӯрообод, аз таъсири доруи зидди пашша заҳролуд гардидаанд: "Феълан вазъи саломатии ҳамаашон хуб буда, аз беморхона мураххас шудаанд".