Наздикони Ҳоҷиакбар барои ёфтани ӯ ёрӣ мехоҳанд
Ҳоҷиакбар Абдусаломови 17-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ду ҳафта мешавад, ки бедарак аст.
Бародари ин наврас ба “Озодагон” гуфт, Ҳоҷиакбар шоми 15 май, баъд аз тановули хӯроки шом қаҳр карда, аз хона берун мешавад ва дигар барнагаштааст. Ӯ мегӯяд, дар мавриди бедарак шудани бародараш ба Шӯъбаи пулиси ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат карданд, вале ҳанӯз ҳеч хабаре нарасидааст.
Наздикони Ҳоҷиакбар Абдусаломов аз ҳамаи нафроне, ки ӯро дидаанд ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш доранд, ба телефони 917-04-16-04 тамос бигиранд.