06.06. Аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон
Маркази исломии Тоҷикистон аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазонро эълон кард.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 28 майи дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои уламо баргузор ва нахустин рӯзи доштани рӯза барои мусалмонони кишвар мувофиқи ҳисоби илмӣ душанбеи 6 июн муайян гардидааст. Ба иттилои манбаъ, “мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17400 сомонӣ муқаррар шуда, аз он 435 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувоиқи меъёри шаръӣ 5 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид. Хатми Қуръон дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад”.
Манбаъ мегӯяд, тақвими тартибдодаи Маркази исломӣ тасдиқ шуда, барои рафъи нофаҳмиҳо нусхаи он ба тамоми масоҷиди кишвар, сомонаҳои расмии интернетӣ ва ширкатҳои мобилии ватанӣ ирсол мегардад.