Нурсултон Назарбоев ҳамтои тоҷикашро бо ҳамапурсӣ табрик кардааст
Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар як тамоси телефонӣ ҳамтои тоҷикаш -- Эмомалӣ Раҳмонро бо баргузории ҳамапурсӣ табрик кардааст.
Ҳамапурсӣ ба хотири ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон 22 май баргузор шуд ва бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар 94,7 дарсади раъйдиҳандаҳо ба ҷонибдорӣ аз он овоз додаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар суҳбати телефонии Нурсултон Назарбоеву Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба масъалаҳои амнияту суботи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳам баррасӣ шудааст.