Кушандатар аз ҳолати инсони барои нон дар ҳолати ҷондодан, руҳест, ки ба хотири рӯшноӣ дар ҳоли мурдан аст.
Виктор Ҳуго
Мусоҳибаи ихтисосии Ҳумайрои БАХТИЁР бо ҷомеашинос Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА
“ВОҚЕИЯТИ РАВОНИИ ТОҶИК БИДУНИ ТАРҶУМОН МОНДААСТ”
Ҳумайрои Бахтиёр: Мехостам роҷеъ ба ҳолати равонии мардуми Тоҷикистон суҳбате дошта бошем...
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Он гуна ки Бедил мегӯянд, “Вазъи ман рӯзгорро монад”. Имрӯз воқеияти равониии мардум баёнгари рӯзгори онҳост. Воқеияти равонӣ ба хусус дар давраҳои ба гуфти равоншиноси амрикоӣ Ҳилман -- “лаҳзаҳои патологӣ, ки мардум таҷрибаи мувофиқ наомадани боварҳо, арзишҳо ва амнияти худро аз сар мегузаронанд”, аз худ дарак медиҳад. Воқеияти равониро наметавон дар ҳарфҳои бофтаи зиёии Тоҷик ва ё идеологҳо пайдо кард, балки то ҷое дар зиндагӣ ва забони мардуми кӯчаву бозор метавон шинохт ва фаҳмид. Ҳатто, гуфтан мумкин аст, ки ҷаҳоне ки Тоҷик имрӯз зиндагӣ дорад новобаста ба пардаҳои идеологии дурӯғ, новобаста ба ин ки мардуми мо ба пинҳон кардани мушкилот ва дарди худ одат кардаанд, эҳсоситар ва гӯётар аз худи Тоҷик аст. Фикр мекунам вақте расидааст, ки воқеияти равонии мардум кашф ва тафсир карда шавад. Воқеан, бунёди равонковӣ (психоанализ), ки болои гуфтугӯ ё пурсӯҷӯ асос ёфта аст, дар фарҳанги мо собиқаи куҳан дорад. Қиссае ҳаст, ки шайх Абусаид (асри Х) нақл мекунад: “Яке аз авлиёи Худоро писаре буд Аҳмад ном ва чун даргузашт ва вақте касе намеёфт, ки бо ӯ суҳбати Аҳмадро бигӯяд, ба ҷойе рафт, ки муздуронанд ва якеро мегуфт, ки “эй ҷавонмард барои корат чи қадар мегирӣ” ва ӯ мегуфт “се дирам”. Ин шайх муздурро ба хона меовард ва хӯроке наздаш мегузошт ва се дирамашро медод ва пас ба ӯ мегуфт “акнун гӯш кун то ман ҳадиси Аҳмадак бо ту кунам”. Шайх Абусаид махсус дар ин қисса аз забони муздур аз он шайх мепурсад, ки “эй шайх, коре ҳаст бифармой, ки рӯз бегоҳ шуд” ва шайх ҷавоб дод, ки “на, кори ман бо ту ҳамин аст, ман қиссаи Аҳмадак мекунам ва ту саре меҷунбон”.
Он чи мардум дар руҳ ё дар дил доранд, қисмати зиёдаш дар берун, берун аз дил ё руҳи мардум, яъне дар ҷаҳоне ки мардум мезиянд ҷойгир аст ва реша дорад. Мутассифона ҷаҳони Тоҷик имрӯз ҷаҳон нест, балки фазоест пароканда, печида ва сахт сангину пурхушунат. Ва ин ҷаҳон ва ё воқеияти равонии Тоҷик бидуни тарҷумон мондааст. Тарҷумони аслии ин воқеият, зиёии Тоҷик, ки бо шиорҳо, супоришҳо ва тарҳҳои идеологӣ одат карда, ҳанӯз ҳам қудрат ва зарфияти шинохти воқеияти равонии мардумро надорад. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки солҳои 80-уми асри гузашта устод Шакурӣ аз набудани ҳисси ҳастишиносӣ (фалсафӣ)-и эҷодкорони Тоҷик шикоят мекард. Дар бораи неругоҳи Норак менависанд, вале то кадом сатҳ мавҷуди қудратӣ будани Тоҷикро нишон додан наметавонанд, ки ин ҷавҳари ҳар гуна сохтмон аст. Ва имрӯз онҳое, ки аз номи Тоҷик, миллат, давлат ва демократия зиёд ҳарф мезананд, агар самимиянд, бояст, ки ҳар се сохтмон; сохтмони инсон, сохтмони ҷомеа ва сохтмони давлатро дар якҷоягӣ бубинанд ва набояд шаҳрванде аз ин раванд берун монад.
Ҳумайрои Бахтиёр: Оё шинохти воқеияти равонии мардум барои сиёсатмардони мо зарур аст?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Бале, агар сиёсатмардони воқеӣ дар пайи сохтани ҷаҳони солими мардум бошанд, мебойист аз дарди дили мардум хабардор бошанд. Ба андешаи банда ду чизи муҳим имрӯз дар ҷомеаи мо дар ҳоли таътил аст, ки бояд бо якдигар сахт бофта ва тофта бошанд. Аввал, он қавме ки бояд гуфтушунидро байни мардум ва бо мардум ташкил кардан тавонанд, чи тавре ки гуфтем, зарфият ва фаросати шунидани “қиссаи Аҳмадак”-и мардумро имрӯз дошта бошанд, андаканд. Мавлоно гуфтае дорад, ки “одам устурлоби ҳаққ аст ва мунаҷҷиме бояд ки ин устурлобро шинохтан тавонад” ва воқеан ончи мардум дар дунёи равонии худ ё дар қалб доранд, баёнгари воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон аст, вале мутассифона, “зиёӣ”-и Тоҷик, ки аз китоб нахондан ва бефарҳангии мардум шикоят мекунанд, худ мариз ва дар банди воқеиятанд ва наметавонанд ин воқеиятро ва муаллифони онро шинохтаву ба мардум фикре дуруст пешниҳод намоянд. Имрӯз мавқеи зиёии асил ва ниҳодҳои илми таҳқиқотиро мустаҳкам ва устувор кардан лозим аст. Мебояд имрӯз дар Тоҷикистон сармояи фарҳангӣ, сармояи иқтисодӣ ва сармояи сиёсӣ дар ҳамоҳангӣ ба манфиати давлату миллат, на ба манфиати шахсони ҷудогона, кор кунанд. Дигар ин ки давлат ҳамчун бозигари асосӣ, ки дар шинохти воқеияти равонии мардум манфиатдор аст, мебояд барои ин кор фазо ташкил карда тавонад. Тавре қайд кардем, ончиро ки мардум дар руҳ ва ё дар дил дорад, воқеан қисмати зиёдаш берун аз руҳ (дил, дунёи равонӣ)-и мардум аст, ки инро бояд шинохт. Дарду ғами Тоҷик ҷаҳонӣ шудааст. Имрӯз ҳарфи мутадовил ва маъруфи Тоҷик “тани сиҳат, дили беғам, хотири ҷамъ” бе бунёд мондааст. Як падар ва ё модари Тоҷик ин ҷост, вале фикру эҳсоси ӯ дар Русия, Сурия ва дигар сарзаминҳои дунёст.
Гуфтан мумкин, ки имрӯз аксар Тоҷик ҳатто дар Ватан дар хона нест ва дар “хона будан” маънии “тани сиҳат, дили беғам ва хотири ҷамъ доштан аст”. Асли бехатарии вуҷудӣ ва иҷтимоӣ, ки дар улуми иҷтимоӣ имрӯз зиёд менависанд, ҳамин ҳарфи Тоҷикон “тани сиҳат, дили беғам, хотири ҷамъ” аст ва имрӯз фикр мекунам дар ҷомеае, ки бештар ба ҳарфи хуб, ба таҳқиқот, ба мутафаккироне мисли Мавлоно, Фройд, Айнӣ, Лакан, Лоиқ, Қаноат зарурат дорад, набояд аз ҳад зиёд баҳсҳои сиёсии кишварҳои харобгашта, салафӣ, давлати исломӣ ва умуман, хушунату кушторро ба воқеияти равонии мардуми оддӣ кашид, ки ин таъсири бадтарин ва ноумедкунанда дорад. Аз як тараф аз ҳад зиёд суҳбати ҷангу куштор, бехатарӣ ва осебпазир будани ҷомеаро байни мардуми оддӣ бурдан ин мардумро ноумедтар аз давлатдорӣ мекунад ва аз сӯи дигар заъфи ниҳодҳои илми-таҳқиқиро нишон медиҳад, ки воқеан, таҳлили рӯйдодҳоро дар сатҳи зарурӣ надоранд. Гузашта аз ин дар ҳоле ки давлат бо фасод ва маризиҳои дигар “дасту панҷа нарм мекунад” ва ҳанӯз пурра қудрати барқарор кардани зиндагии мардумро надорад, таркибҳои фарҳангиеро, ки муносибатҳои байниякдигарии мардумро солим нигоҳ медоранд, набояд шикаст. Бешак агар раванди сохтани таркибҳои ҷаҳони Тоҷик, яъне таркибҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-сиёсӣ воқеан, оғоз шавад, он гоҳ мардум худ вориди ин раванди созанда мешавад ва умед ба оянда дар дилҳо зинда хоҳад шуд ва мардум мутмаин мешуданд, ки ин корҳо фақат дар ҳарф нестанд. Чиро ки “воқеияти гап”, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳукумрон аст барои бисёриҳо имкони шинохти воқеияти равонии мардум ва фасоду бесалоҳиятии мансабдоронро надода истодааст.
“ХУДРО АГAР ИҲОТА КУНӢ ЧАРХИ ДИГАРӢ”
Ҳумайрои Бахтиёр: Ба “шароит” ва ё “фазои зарурӣ” ишора кардед. Мешавад, камтар равшанӣ андозед, ки чӣ иртиботе ба ҳолати равонии мардум дорад?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Инҷо дар назар дорам, давлат ки бозигари асосист, бояд барои мардум шароити ташакулли субъект (худӣ, шахсият, фард)-ро таъмин карда тавонад, ки ин бо фазосозии ҳар як шаҳрванд анҷом меёбад. Қудрати фазосозии ҳар фард ин маънии шаклгирии муносибатҳо ва ҷомеаи солимро дорад. Ман шахсан бар ин боварам ки дар вуҷуди ҳар инсон чун дар таркиби ҳар ҷомеа техникаи худӣ- ҳақиқат-қудрат ва фазосоӣ (ҷаҳонсозӣ) ё бо ҳарфи файласуфи маъруф Фуко, технологияи худӣ (technology of the self) заруру муҳим аст. Мутассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо раванди шикастани фард ва ё шахсият дар ҳоли авҷу мавҷи худ аст, ки ин бастагӣ дорад ба заъфи таркибҳои ҷомеаи Тоҷикистон, ки мардум дар он ҳеҷ имкони барои худ фазо сохтанро надоранд. Баъди пош хурдани Шӯравӣ бояст, ки роҳҳои худсозии миллӣ дар якҷоягӣ бо раванди сохтмони давлати миллии Тоҷик дар оила, системаи маориф ва дар ҷомеа ниҳодина мешуданд, ки мутассифона, нашудаанд. Ин аст ки ба ҷойи машруият додан ба улуми иҷтимоӣ ва рӯи ташакулли фардҳо ва сохтмони ҷомеаи донишбунёд ва пурқудрат кор кардан мо дар бораи зарурати пешво ҳарф мезанем, ки воқеан, як пешво бо ин ҳама мардуми худбохта, беқудрат ва аз рамзҳои Тоҷики холитар, дар дунёи имрӯз чи метавонад кард. Як пешво имрӯз воқеан ба ниҳодҳои пурқудрати илмӣ-таҳқиқотӣ, ниҳодҳои қудратӣ ва истеҳсолӣ-тақсимотии бо дониш ва таҷрибаи нави ҷаҳонӣ мусаллаҳ ниёз дорад. Имрӯз насли ҷавон, ки роҳи худшиносии дурустро нагузаштаанд, дар баробари ҳар гуна, ба гуфти ҷомеашинос Гидденс, “шароитҳои аблаҳ ё беақлкунанда” (debilitating circumstances) наметавонанд ба по биистанд.
Аслан, насли Шӯравӣ ҳам ба ин маризӣ гирифтор буд ва яке аз сабабҳои калидии аз байн рафтани Шӯравӣ, чунон ки файласуфони он замон иқрор кардаанд, ҳамин таваҷҷуҳ накардани ҳизби коммунист ба масъалаҳои маънавиёт ва роҳҳои инсонсозӣ буд. Гузашта аз ин, гуфтан метавон, ки “сиёсатмадорон”-и Тоҷик ба ҷойи ташкили фазои солими зиндагӣ, худ ин “шароитҳои аблаҳсозӣ” ё “корхонаи равшану ҷумшудсозӣ”-ро дар ҷомеаи Тоҷикистон ниҳодина кардаанд. Албатта дар ташкили ин корхона хидмати собиқ вазирони маорифи Тоҷикистон назаррас аст, ки воқеан, фалсафаи илм, дониш ва маорифро дарк накардаанд. Имрӯз маҳсули ин корхонаро дар ҳама ҷо, аз вакили Маҷлиси олӣ то савдогари бозорӣ, метавон мушоҳида кард. Барои исботи ин фикр танҳо лаҳзае мулоҳазаи зиндагии ҳаррӯзаи мардум дар пойтахт басанда аст, ки он шоҳиди буҳрони амиқ дар воқеияти равонии мардум аст. Бубинед, вақте мардум ба чароғаки роҳ эътибор намедиҳанд ва аз роҳ дуруст гузаштан наметавонанд, ронандаҳо ва савдогарони кӯча барои якдигар фазо қоил нестанд ва ба таҳқири зан, модар, хоҳар ва падари якдигар машғуланд, худ нишонаи шикаста шудани таркибҳои фарҳангӣ ва аз байн рафтани унсурҳоест, ки Тоҷик аз онҳо “ақл”, “инсоф”, “фаросат”, “раҳм”, “нангу ор”, “шарм” ва ғайра ёд мекард, ки воқеияти равонии Тоҷикро солим нигоҳ медоштанд. Аслан, дар сатҳҳои болотари ҷомеа ҳам ин арзишҳо дигар кор намекунанд ва мардум барои якдигар фазои будан қоил нестанд, чиро ки шароит ва имкони фазосозӣ нест ва рақобати солими фарҳангӣ нест, чунки мавқеҳоро дар ниҳодҳо, дар корхонаҳо аз боло сар карда, то поён то ронандаҳои таксӣ, фаррошҳо ва савдогарони кӯчаву бозор на аз рӯйи фарҳанг ва рақобати солим, на аз рӯйи лаёқату таҷриба ва ташкили ақлонии ҳаёт, балки аз рӯйи ба кадом маҳал таъаллуқ доштан аз рӯйи пора додан ва аз рӯйи хешиву таборӣ ғасб кардаанд. Лаёқатмандӣ (меритократия) ки аз қадим дар фарҳанги мардуми мо як арзиши марказии ҳаёт буд, дар ҷомеа кор намекунад. Фазо дар ҷомеа бо пул ва ёрии башардӯстона ташкил кардан намешавад ва ҷомеае, ки танҳо ба ин ду чиз такя мекунад тӯлони ва дур намеравад...
Ҳумайрои Бахтиёр: Тибқи мушоҳидаҳо дар ин авохир мардуми Тоҷикистон дар як ҳолати ноумедӣ қарор доранд. Эҳсос мекунед? Шумо, ки бештар аз нигоҳи таҳлилгарӣ менигаред, сабаби ин ҳолатро дар чӣ мебинед?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Бале, дуруст аст! Фикр мекунам солҳост, ки дар кишвари мо буҳрон вуҷуд дорад ва мардум бо он одат кардаанд ва ҳатто шахсияту фарҳанги муносибатҳои ҳаррӯзаи мардумро ин буҳрони ба матни ҷомеа табдил ёфта шакл дода истодааст. Ҳаракат, пешравӣ ва тараққиёт (прогресс) дар фикри мардум ва дар ҷомеа нест. Аслан, дар равоншиносӣ, кайҳоншиносӣ, ситемаи вуҷудӣ (онтология) ва фалсафии мардумии Тоҷик ё ба гуфти олмониҳо дар “weltanshuung”-и Тоҷикӣ ҳар чи ки маънии ҳаракат, пешравӣ, тараққӣ (прогрес) ва рушангароӣ дар зиндагиро дошт, зери мафҳуми гардиш ё ҳаракати “чарх” ё “чархи фалак” ёд мекунанд. Мутаассифона, шамин чарх холо аз гардиш мондааст, ҷомеа дигар ҳаракати созанда надорад. Воқеан, мағзҳо ва ҷомеа кафшер шудаанд. Шояд гардиш ва ҳаракат дар доираи фарҳангҳои маҳҳалӣ ва таърих дар матни ҷумҳурӣ бошад, вале дар матни ҷаҳони имрӯз бо ин инсон ва бо ин ҷаҳони Тоҷикӣ наметавон чархид. Яъне сиёсатмардон то имрӯз натавонистаанд ҳаракатро дар вуҷуди инсон, ҷомеа ва ҷаҳони Тоҷикӣ ташкил намоянд ва аслан ин ҷаҳони Тоҷикиро ба вуҷуд овардан натавонистаанд. Фикр мекунам яке аз сабабҳои ин рӯйдод, ки ин чарх (инсон, ҷомеа) намечархад ин аст, ки сиёсатмардони мо ҳанӯз раванди бунёд кардани шароит барои муттаҳид кардани ҳама маҳаллу минтақаҳои Тоҷикистонро дар як ҳуввияти ягона оғоз накардаанд. Бо он ки Тоҷикон ватани ягона, муҳити табиӣ, фарҳангии ягона ва таърихи ягона доранд ҳатман гуруҳе, қисмати зиёди мардумро дар фазои дигари ягона, ки он давлатдорист ва он ҳам ба ҳамаи Тоҷикон таъаллуқ дорад, наметавонанд роҳ додан. Ва ин воқеан, нуқтаи заъфи сиёсии Тоҷикон аст, ки аз Шӯравии собиқ мерос монда, ки сарчашмаи фасод ва дигар маризиҳост ва имкони ба ҳаракат овардани фикр ва ҷомеаи Тоҷикро надода истодааст.
Дигар сабаб ин аст, ки аслан, алоқаи вуҷудии байни мардум ва давлат гум шудааст, яъне ҳисси бо давлат будан дар вуҷуди зиёд мардуми Тоҷик нест ва онро ҳамчун фазои солим ва умедворкунанда намедонанд ва эҳсос намекунанд. Ва ҳатто касоне ки дар давлат ва наздик ба давлат кор мекунанд нисбат ба кор ва сиёсати давлатӣ самимӣ нестанд. Фикр мекунам вақти он расида, ки давлат воқеан, аз дунёи гап, аз дунёи виртуолии интернет ва садову симои Тоҷик, ба воқеияти мардум баргардад ва бо ташкили шароит барои “тани сиҳат, дили беғам ва хотири ҷамъ” барои ҳар як Тоҷик, будани худро исбот кунад. Давлат танҳо амали (функсияи) идора карда ва пропогандаро надорад ва яке аз амалҳои асосӣ ва бунёдии давлат ин сохтани шакли солим ва муваффақи ҳаёти мардум аст, ки дар он воқеияти равонии мардум солим бошад. Ва сабаби дигари набудани ҳаракат, созандагӣ ва тозагӣ дар ҷомеа, он гуна ки дар боло қайд кардем, ин аст, ки “сиёсатмардон” дар вақташ шароит барои барқарор кардани механизм ё технологияи солими худӣ-ҳақиқат-қудрат ва фазосозиро дар ҷомеа бунёд накардаанд, ки ин технология воқеан, барои фазосозии афрод ва барои зинда кардани ҷомеа хидмат мекард. Ҳарфи Бедил аст, ки гуфта буд: “Худро агaр иҳота кунӣ чархи дигарӣ”, ки ишорат ба худсозии як инсон ва аслан инсони огоҳ аст, ки ҷомеа метавонад сохт ва ҳаракатро ба вуҷуд овард. Мутассифона, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон натавонист шароит барои сохтани инсонҳоро болои илм, дониш ва ҷаҳонбинии дунёи имрӯз бунёд гузорад.
Ҳумайрои Бахтиёр: “Фалсафаи мардумӣ”, яъне чӣ?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Имрӯз ҷомеаро набояд бо чашми механикӣ-илмӣ дид ва ҳамаро объектҳои идеологии худ ва дигарон пиндошт. Ҷомеа аз мардуми зинда ва фикркунанда иборат аст ва муддати садсолаҳо ҷаҳонбинии худро инкишоф додаанд ва ин сатҳи равони фарҳангии мардумро, ки Ҳуссерл аз он “ҳаёт-ҷаҳон” (life-world) ёд мекунад, бояд шинохт. Имрӯз мардуме ки ба сиёсат даст задаанд аслан набояд ба ҳаёт-ҷаҳони Тоҷикон бо диди идеологии “сотсиалистӣ”, “исломӣ” ва ё “демократӣ” нигоҳ кунанд ва кушиши тарошидани онро дошта бошанд, балки дар ин сатҳи ҳаёт-ҷаҳони Тоҷикӣ бояд маъниҳои созандаро пайдо кард ва дар ҳамоҳангӣ бо ин муҳити фарҳангӣ ҷаҳоне барои мардум сохт. Фикр мекунам дар ин асри нав танҳо сиёсатмадорони номуваффақ ҳаёт-ҷаҳони мардумро, мисли болшевикон, мавриди ҷарроҳии сиёсӣ қарор медиҳанд. Ва болшевикон бо вуҷуди истифодаи илм ва сохтани иқтисоду ҷомеаи мардум, воқеан, решаҳои маънавиии мардумро канда карда, тарсро дар вуҷуди мардум ниҳодина карданд. Имрӯз ки имкони сохтани ҷаҳони мардум бидуни ҳар гуна фитна ва ҷарроҳии сиёсӣ ҳаст, чиро бояд амал накард? Сиёсатмардон набояд танҳо ба дониши филолог–файласуф- шарқшиносҳои шӯравии мо такя кунанд, балки бештар ба улуми иҷтимоӣ диққат диҳанд, ки ба гуфти Ҳабермас “давраи фалсафа гузаштааст” ва замони улуми иҷтимоист, ки имрӯз бунёди ҳар гуна сиёсат шуда метавонад. Гуфтаниам ки сиёсатмадорони Тоҷик аз ҷаҳонбинӣ ва дунёи фарҳангии мардуми худ дур мондаанд. Ба воситаи истифодаи улуми иҷтимоӣ сатҳи фарҳангӣ ва воқеияти равонии мардумро метавон мушахас намудан ва кор гирифтан...
ДАР ТОҶИКИСТОН МУШКИЛОТИ БАЙНИ ДИН ВА ИЛМ НЕСТ
Ҳумайрои Бахтиёр: Дар бораи қавме зикр кардед, ки “бояд гуфту шунидро байни мардум ва бо мардум ташкил карда тавонанд”, ин қавм худ дар кадом воқеияти равонианд? Оё ҳамин “воқеияти гап”, ки ёд кардед ва ин “аз гардиш бозмондани чарх” ҳам маҳсули фаъолияти онҳо нест?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Ҳама дунё ва махсусан дунёи Тоҷикон бунёди мифологӣ-шоирона дорад. Имрӯз воқеияти равонии зиёӣ ва ё интеллигентсияи Тоҷикро ғурури миллӣ-таърихӣ ва хотироти сотсиалистии онҳо дар бораи зарурати илм ва рушангарии (enlightenment) болшевикӣ ташкил медиҳад. Воқеан дар ин падида ду чиз ба ҳам мувофиқ наомадааст, аз як сӯ ин мардум тарафдори абармарди Нича мондаанд ва аз сӯйи дигар аз мавқеи дохунда-одина- ғуломон бечоранолӣ мекунанд, ки комилан бо якдигар созиш надоранд. Ин гуна ҳаракати аҷиби миллӣ-сотсиалистӣ оянда надорад ва он наметавонад ба ҳаракате чун ҳаракати миллӣ-сотсиалистии Ҳитлер табдил ёбад, вале онҳое ки дар дохил душман меҷӯянд аз ин гуна падидаи мариз барои дар дохил фитна андохтан метавонанд истифода бикунанд. Ин падида худ кушандаи ақл аст. Воқеан, аз воқеияти равонии мардум ва сатҳи фарҳангии мардум хабар надоранд, чиро ки тарҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар баробари шинохти вазъияти Тоҷикистон умуман нест. Инчунин имкони гуфтугӯи илмӣ хело маҳдуд аст ва масалан, танҳо дар толори Академияи улум, ки баъзан гузоришҳои озоди академикӣ баргузор мешаванд ва он ҳам дар доираи маҳдуд ва сарҳадҳои эпистемологии (донишии) намояндагони “Ҷаҳони андеша”. Мутассифона, намояндагони маҳфил, ки инсонро то сатҳи мавҷуди биологӣ пойин кардаанд, аз Ҷамшед ва Эйнштейн ҳарф мезананд, воқеан эҷодкори ҳамин фикрҳои бо ҳам мухолифи миллӣ- сотсиалистианд, ки маҳдудаи танг ва хурофот ба онҳо имкони доштани фикрҳои баландтарро намедиҳад ва аз камҷуръатӣ наметавонанд мушкилоти имрӯзаи ҷомеаро зикр кардан ва аз ин рӯ, “мардонавор” худро душмани марг гирифтаанд. Фикр кунам, он чи Карл Шмит дар бораи болшевикон гуфта буд бо мавқеи “Ҷаҳони андеша” ҳам созгор аст, ки “Он ҳаёт, ки дар баробари худ танҳо маргро ҳамчун зид мешиносад, дигар ҳаёт нест, балки беқудратӣ ва бечорагист. Ҳар он ки душмане дигар ҷуз марг намедонад ва маргро душмани худ шинохта, ҳеч чиз нест ҷуз механизми холие, ки ба марг наздиктар аст, ки ба ҳаёт”. (Шмитт 2007, 95).
Меандешам, ки барои гуфтугӯ ва гузоришҳои илмӣ фазои васеътар ва бо сарҳадҳои епистемологии васеътарро ташкил кардан зарур аст. Зиёии Тоҷик, ки дар банди хурофот монда ва доду фарёд мезанад, ки “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ бояд китоби рӯи мизии ҳар як Тоҷик бошад”, бояд донад, ки имрӯз агар муаллифони воқеан даркориро, ки болои мизи Тоҷик бошанд, номбар кунем, наметавонанд болои мизе ғунҷидан, вале аслан онҳое ки мехоҳанд илмро ба раванд табдил додан бояд болои миз ақалан китобҳои Бордуе (Pierre Bourdieu), Кангулем (Georges Canguilhem), Лотард (Lyotard), Кон (Thomas Kuhn), Бачелард (Gaston Bachelard) Латур (Bruno Latour), Ҳакинг (Ian Hacking) ва дигаронро бояд дошта бошанд ва тасаввуроти равшан дошта бошанд, ки илм бо ҳаёт чи пайванде дорад. Дар ёдам ҳаст, дар мавриди ин ки давлат бе илм намешавад, устодон А. Турсунов ва М. Илолов ҳам соли 2012 суҳбате муфиде доштанд. Имрӯз дар Тоҷикистон мушкилоти байни дин ва илм нест, чунон ки роҳбарони академияи улум мегӯянд, балки мушкилоти набудани фаҳмиши дар кадом нуқта будани сатҳи илм дар дунёи имрӯз аст, инчунин мушкили мудирияти дурусти илм ва аз ҳама муҳим набудани сармояи иқтисодии зарурӣ барои ба ҳаракат даровардани илм ва улуми иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст. Боварӣ дорам, сабаби дигар ва устувор набудани фазои фикрии мустақил дар Тоҷикистон ин аст, ки аксари мардуми дар давраи истиқлол унвони илмӣ гирифта аслан аз илм ва дониш дуранд ва қобилият ва зарфияти таҳлил ва танқиди илмии воқеияти Тоҷикистонро надоранд. Ин гуруҳ зиёданд, ки аксар дар роҳбарии ниҳодҳои илми таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо ва шӯъбаҳои донишгоҳҳо нишастанд, ки аслан ба истеҳсоли дониши мувофиқ барои инсон ва ҷомеа машғул нестанд...
(давом дорад)