Имрӯз, 14-уми ноябр, райиси МН Шукурҷон Зуҳуров зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон дар баробари баррасии масъалаҳои рўзномаи Шўро, ҳамчунин аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард.
Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, Зуҳуров гуфт, мутаассифона, ҳафтаи охир расонаҳои хабарии Русия зимни пахши мавод дар бораи зиндонӣ шудани ду халабони ҳавопаймоҳои ин кишвар дар Тоҷикистон иттилои нодуруст дода, бо ин роҳ заминаи эҷоди фишор ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро ба вуҷуд овардаанд. Номбурда ҳамчунин иброз намуд, ки баррасии парвандаи мазкур бо риояи тамоми меъёрҳои мурофиавӣ тавассути қонунгузории миллии кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии он анҷом шудааст.
Манбаъ афзуд, райиси Маҷлиси намояндагон супориш дод, ки бо ҳадафи баррасии вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаҳои гуногуни Русия аз ҳисоби вакилони ин мақоми олии қонунгузор як ҳайати кории вижа таъсис дода шавад. Ҳайати мазкур рўзҳои наздик ба минтақаҳои кишвари Русия сафар карда, бо вазъияти кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик аз наздик ошно хоҳанд шуд. Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози умедворӣ менамояд, ки ин масъала бо роҳи дипломатӣ ҳал шуда, ҳамаи нофаҳмиҳо аз миён бардошта хоҳанд шуд.