Раиси Кумита: Фурӯш ва пӯшидани либоси бегона пешгирӣ шавад
Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон аз раисони бозорҳо ва марказҳои савдои кишвар даъват намудааст, ки пӯшидани либосҳои бегона аз ҷониби занони савдогарро ҷилавгирӣ кунанд.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин нукта 24-уми май дар мулоқоти Қосимзода бо намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, масъулини шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарони корхонаҳо, бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳри Душанбе таъкид гардид.
Дар иттилоияи расмии Кумита, мақсад аз баргузории ин мулоқот тарғиби либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ ва пешгирӣ намудани бегонапарастии занону духтарон дар масоили одоби либоспӯшӣ арзёбӣ гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, Қосимзода аз ҷумла барои ҷилавгирӣ аз фурӯши молҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона таъкидҳо намуда, аз намояндагони вазорату идораҳо ва намояндагони бозорҳо ва марказҳои савдо назорати бештари либоспӯшии коргаронро дархост кардааст: “Раиси Кумита таъкид намуд, ки масъулин барои пешгирии пӯшидани сару либоси бегона аз ҷониби занону духтарон назоратро пурзӯр намоянд”.