Пулиси Маскав ҷавонони тоҷикро дар роҳзанӣ муттаҳам мекунад (ВИДЕО)
Як ҷавон, ки мақомоти пулиси Русия, ӯро тоҷик муаррифӣ карда, дар роҳзании мусаллаҳона ва ғорати як зани рус айбдор мекунанд, иддао дорад, ки бегуноҳ аст.
Тибқи иттилоияи раёсати умури дохилии вилояти Маскав боздоштшуда дар ҳайати гуруҳи панҷнафарӣ бо болға ва таппонча ба як зани рус ҳамла кардаанд. Ба иттилои манбаъ ҳодиса дар кӯчаи Говорови ноҳияи Одинтсово соати 4-и субҳ вақте рух додааст, ки зан ба автомашинаи худ нишаста, нияти ба кор рафтанро доштааст: “Ҳамлагарон бо истифода аз болға ва таппонча шишаи мошинро шикаста, 60 ҳазор рубли занро дуздидаанд”.
Пулиси Маскав пас аз чанд рӯз ду нафари 28 ва 32 соларо боздошт кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд. Яке аз боздоштшудаҳо, ки қаблан барои ғоратгарӣ суд шудааст, изҳор медорад, ки бегуноҳ аст.
Ба иттилои манбаъ феълан алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми роҳзанӣ парванда боз шуда, кофтукоби шарикони дигарашон идома дорад. Видеои роҳзанӣ ва бозпурсии боздоштшуда