Ҳушдори Колоколсев аз шаклгирии роҳҳои вуруди ҷангҷӯён ба Тоҷикистон
Владимир Колоколсев, вазири корҳои дохилии Русия 23 май дар Душанбе ҳамкорони тоҷикашро ба муборизаи бештар алайҳи гуруҳҳои террористии байналмилалии даъват кардааст.
Колоколсев гуфтааст фаъолияти гуруҳҳои ифротгарои байналмилалӣ ба таври назаррас зиёд шудааст, ки “аҳолии ғайринизомиро ҳадаф қарор медиҳанд. Корҳои идеологӣ ва мағзшӯии зархаридҳояшон ба кишварҳои мо хатари ҷиддӣ доранд”.
Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Русия даргириҳои мусалаҳонаи Ховари Миёна, Африқои шимолӣ ва Украина ба вазъи Русия ва Тоҷикистон таъсири манфӣ доранд. Ба қавли ин вазири рус: “Роҳҳои ворид кардани ҷангҷӯён ба Тоҷикистон ва Русия шакл гирифта истодаанд. Дар натиҷаи ҳамкорӣ муайян шуд, ки 63 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия мағзшӯӣ шуда барои иштирок дар ҷангҳои Сурия рафтаанд”.
Ба ин тартиб, Колоколсев гуфтааст: “Вазъи мавҷуд таъкид мекунад, ки бори дигар натиҷаи ҳамкориҳоро таҳлил кунем ва дар асоси он барои муборизаи муштарак бо терроризм ва экстримизм иқдомҳои иловагӣ гирем.”