Раиси Маҷлиси шӯрои шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Душанбе меояд
Доктор Абдуллоҳ ибн Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, раиси Маҷлиси шӯрои шоҳигарии Арабистони Саудӣ имрӯз, 24 май вориди Душанбе мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар чорчуби ин сафар Абдуллоҳ ибн Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх 25 май бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷмуҳури Тоҷикистон мулоқот намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаро матраҳ хоҳанд кард.
Манбаъ мегӯяд, раиси Маҷлиси шӯрои шоҳигарии Арабистони Саудӣ инчунин бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар мулоқоту гуфтугӯ анҷом медиҳанд.