Рогозин акси пазироияш дар Душанберо нашр кардааст (АКС)
Дмитрий Рогозин, ноиби сарвазири Русия дар умури саноати ҳарбӣ, ки дар Ватанаш “миллатгарои дарборӣ” тахаллус гирифтааст, аксҳои пазироияш дар Душанбе ва манзараи пойтахти Тоҷикистон аз тирезаи меҳмонхонаи “Ҳайат”-ро дар шабакаи Твиттер нашр кардааст.
Дар аксҳое, ки Рогозин аз ҷаласаи 14-уми Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-ҳарбии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе нашр кардааст, маросими пазироӣ ва ҷараёни ҷаласа сабт шудаанд. Рогозин 20-уми май дар садри ҳайати Русия дар Душанбе қарор дошт. Ӯ навиштааст, Комиссияи байнидавлатии СПАД дар бораи ташкили корхонаи муштарак оид ба таъмири техникаи ҷангию силоҳ қарор қабул мекунад.
Ба навиштаи Рогозин Комиссия байнидавлатии СПАД инчунин дар бораи истифодаи муштараки имкониятҳои “ГЛОНАСС”-низоми моҳвораии Русия тасмим мегирад. Низоми “ГЛОНАСС” ҳанӯз замони шӯравӣ бо дархости Вазорати мудофиаи “СССР” ташкил шуда, феълан ҳудуди 24 моҳвораро дар бар мегирад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз сафари Рогозин ба Душанбе Нуралӣ Давлат, журналист ва шореҳи сиёсии тоҷик пешниҳод кард, то Рогозин ба далели туҳмату таҳқирҳояш дар ҳаққи тоҷикон “персона нон-грат” эълон карда шавад. Нуралӣ Давлат дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, Рогозин дар як китобаш беасос тоҷиконро дар қатл ва таҷовузи оммавии русҳо дар аввали солҳои 90-ум гунаҳкор кардааст: “Гӯиё моҳи феврали соли 1990 тоҷикон ҳудуди 1,5 ҳазор занону духтарони русро дар майдони назди Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе бо таҳдиди силоҳ таҳқиру таҷовуз кардаанд. Рогозин мегӯяд, солҳои 90-ум дар Тоҷикистон генотсиди русҳо буд, ки ягон асос надорад”.
Рогозин, ки вақтҳои охир мавриди интиқодҳои оммавии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ қарор гирифтааст, қаблан тоҷиконро интиқолдиҳандаи силоҳу нашъа ба Русия хонда буд. Ӯ дар Тоҷикистон бо таҳқирҳояш нисбати тоҷикон маъруф буда, борҳо дар расонаҳои русӣ аз хушунати тоҷикон алайҳи русҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ изҳорот додааст. Аз пешниҳодҳои ахири Рогозин алайҳи Тоҷикистон ин манъи рафтуомади қаторҳои Тоҷикистон ба Русия мебошад, чун ба ақидаи ӯ ин қаторҳо ҳомили нашъа ва вирусҳо мебошанд.