Убайдуллоев тағйири Сарқонунро тақозои вақт ва ҷомеа хонд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ба муносибати раъйпурсӣ дар бозорҳои пойтхт арзонию фаровонии маҳсулот ва дар боғу ҷойҳои ҷамъиятӣ консертҳо ташкил карда шаванд.
Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев раъйпурсии умумихалқӣ барои тағйири Сарқонунро тақозои вақт ва ҷомеаамон хонда, афзудааст: “Раъйпурсӣ ба такмили меъёрҳои Конститутсия, рушди устувору босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеа равона гардидааст”. Раиси Душанбе аз масъулин даъват кардааст, ки чорабинии мазкур дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ доир карда шавад.
Аз ҷумла бо дастури Убайдуллоев аз 20 то 23 май дар назди бозорҳои пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор мешаванд: “Дар ин рӯзҳо дар назди «Маҷмааи савдои Пойтахт 90», «Бозори Қарияи боло», даромадгоҳҳои бозорҳои Душанбе ва дигар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия» ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия фаъолият хоҳанд кард”.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ барои фароғати сокинон дар се рӯзи оянда чорабиниҳои фарҳангӣ роҳандозӣ мешаванд: “Дар Майдони 800 солагии Маскав ва дигар мавзеъҳои фароғатии ноҳияи Шоҳмансур бо ширкати ҳунармандони Консерваторияи миллӣ ва ансамбли «Лола», дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ, боғи устод Рӯдакӣ, саҳни шаршараи Боғи Наврӯзгоҳ, майдони Парчами давлатӣ ва саҳни Нишони давлатии Тоҷикистон бо ширкати ҳунармандони ансамбли назди Кумитаи телевизион ва радио, дар Боғи «Кӯли ҷавонон», саҳни Филармонияи давлатӣ ва Боғи пойтахт бо ширкати ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар боғи «Дӯстии халқҳо» ва дигар мавзеъҳои фароғатии ноҳияи Фирдавсӣ бо ширкати гурӯҳи эстрадии «Гулшан» консертҳо баргузор хоҳанд шуд”.
Раъйппурсии умумихалқӣ барои тағйири Сарқонун дар Тоҷикистон 22-юми май баргузор мешавад.