ВАО: Ҳамлагарон ба муҳоҷирони тоҷик дар Хованское варзишгарон будаанд
Тафтишот маълум карда, ки нафарони калидӣ дар занозании маргбори қабристони Хованскоеи Маскав самбочиён будаанд.
Нашрияи “Новая газета” менависад, миёни муттаҳамон дар ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд, Сергей Козлови 22-сола, қаҳрамони Маскав оид ба самбо ва ду варзишгари дигар -- Вячеслав Серови 22-сола ва Борис Рудакови 25-сола низ ҳастанд. Дар ин миён Никита Мошенко, яке аз намоёнтарин гумонбарони ҳуҷум ба Шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ба навиштаи расонаҳо, ӯ дорандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба самбо дар солҳои 2014 ва 2015 буда, солҳои 2012 ва 2013 аз рӯи ин намуди варзиш қаҳрамони Русия шудааст. Ин варзишгарон аъзои ташкилоти “Миллати солим” ҳастанд.
Нашрия навиштааст, дар торнамои ин ташкилот ба як табрикномаи дастрасӣ ёфтааст, ки он ҷо Никита Мошенкоро қадрдонӣ кардаанд. Дар он табрикнома омадааст: “Никита Мошенко, узви “Миллати солим”-ро ба хотири гирифтани ҷойи 2-юм дар мусобиқаи шаҳри Минск ва соҳиб шудан ба унвони устоди варзиш дар намуди самбо табрик мекунем”.
Номи пурраси ин созмон “Миллати солим-шӯъбаи ҷавонони ташкилоти умумирусиягии ветеранҳои “Бародарии ҳарбӣ” мебошад.
Дар пайи ҳамлаи як гуруҳи мусаллаҳ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар қабристони Хованскоеи Маскав дар рӯзи 14 май 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта, даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шуданд.