Тавре ба хабаргузории «Озодагон» пайвандони марҳум иттилоъ доданд, сабаби марги Қувватов маризии қанд ва сактаи қалб буд, ки ӯ солҳои ахир аз ин бемориҳо ранҷ мебурд.Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад.
Ёдрас менамоем, Султон Қувватов аз собиқ кормандони баландпояи ВКД маҳсуб меёфт ва тайи солҳои 1995-1999 дар симмати райиси Кумитаи андози ҶТ фаъолият дошт. Соли 1999 Султон Қувватов барои дарёфти мақоми раёсатҷумҳурии Тоҷикистон вориди мубориза шуда буд, вале номзадии ӯро дар интихоботи президент ба қайд нагирифтанд. Пас аз барканориаш аз ин вазифа, ба таъсиси ҳизби мухолифи ҳукумат, ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон иқдом кард. Аммо кӯшишҳои ӯ тайи 7 сол бенатиҷа анҷом ёфтанд. Ҳамон вақт вазорати адлия бо далоили мухталиф аз сабти номи Ҳизби Тараққиёт худдорӣ кард. Қувватов иллати аслии сабти ном нашудани Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон ва эҷоди монеъа дар ин заминаро ба шахсияти худаш марбут медонист, ки дар раъси ин ҳизб қарор дорад.