Human Rights Watch: Боздошти Азизхоҷаев ангезаи сиёсӣ дорад
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch имрӯз, 20 май бо нашри як изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, соҳибкор Абубакр Азизхоҷаевро, ки моҳи феврали соли равон боздошт шудааст, озод намояд.
Дар изҳороти Human Rights Watch боздошти Азизхоҷаев "дорои ангезаи сиёсӣ" унвон шуда, таъкид гардидааст, ӯ баъди интиқод аз фасодкорӣ дар фаъолияти мақомоти Тоҷикистон ва Шамсулло Соҳибов, масъули ширкати "Фароз" дастгир шудааст.
Стив Свердлов, масъули Human Rights Watch гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон бояд дастандаркорони бадрафторию шиканҷа нисбати Азизхоҷаевро муҷозот кунад. Свердлов моликони ширкати Фарозро аз наздикони раисиҷумҳур муаррифӣ карда, афзудааст, “боздошт барои интиқод набояд дар кишваре сурат гирад, ки даъвои эҳтиром ба волоияти қонун ва ҳуқуқи инсонро дорад".
Тибқи иттилои дидбони ҳуқуқи башар, Азизхоҷаев 26 феврали соли равон дар хонааш дар Душанбе аз сӯи пулис дастгир шудааст: “Аввал гуфтаанд, ки ӯро барои шоҳидӣ ба идораи амният овардаанд, аммо баъдан алайҳаш бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ бар асоси моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардаанд”.
Дар изҳороти Human Rights Watch таъкид шудаааст, Азизхоҷаев соҳиби ширкати нашриётии “Дурнамо” будааст, ки асосан ба чопи рақамҳои мошинҳо нигаронида шудааст: “Қаблан дар музоядаи давлатӣ пирӯз шудааст, аммо соли 2009 масъулин ба ӯ гуфтаанд, ки музоядаро ба оидаи “Фароз” бохтаст”.
Дидбони ҳуқуқи башар яке аз соҳибони ширкати “Фароз”-ро Шамсулло Соҳибов, домоди Президент муаррифӣ кардааст: “Азбаски Фароз таҷрибаи истеҳсоли рақамҳоро надоштааст, аз уҳдаи иҷрои талабот набаромадааст. Дар пайи ин мансабдорони давлатӣ дубора ба Азизхоҷаев муроҷиат кардаанд, то дар муҳлати маҳдуд истеҳсоли рақамҳоро роҳандозӣ кунад. Аммо Азизхоҷаев рад мекунад ва баъди ин иншооти ӯ шикастаю дастгоҳҳои гаронарзиши чопиаш гум шудаанд”.
Ба иттилои Human Rights Watch, дастгоҳҳои гумшудаи Азизхоҷаев ниҳоятан ба ихтиёри "Фароз" гузаштаанд ва соҳибкор аз ин қазия мақомоти тоҷикро огоҳ кардааст, аммо натиҷае ҳосил нашудааст: “Барои бозгардондаи дастгоҳҳо Азизхоҷаев бо мактубҳои кушод ба унвонии раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кардааст”.
Феълан Дидбони ҳуқуқи башар аз қавли наздикону вакили дифои Азизхоҷаев изҳор доштааст, интиқодҳояш аз фасодкории мақомот асоси эълони айб барои барангехтани кинаю адовати миллӣ алайҳи ӯ шудаанд: “Ба ғайр аз изҳороти оммавии Азизхоҷаев мақомот далели дигари гунаҳкории ӯро пешниҳод накардаанд”.
Инчунин Human Rights Watch аз дастрасии маҳдуди наздикон ба Азизхоҷаев интиқод карда, изҳор доштааст, зимни мулоқоти ахир дар баданаш осори шиканҷа намудор будааст. “Озодагон” дар сурати дастрас кардани назари масъулини ширкати “Фароз” онро ироаи хонандагон хоҳад кард.