М. Кабирӣ: Гуногунандешӣ сохтори фарҳангиву иҷтимоии моро вайрон мекунад
Равоншиноси тоҷик муътақид аст, дар шароити феълӣ ворид кардани гуногунандешӣ дар ҷамъият сабаби “вайрон шудани сохтори фарҳангиву иҷтимоии мо” мешавад.
Маҳмуд Кабирӣ, мудири кафедраи равоншиносии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, кишвар ҳоло дар даҳаи санъату фарҳанг қарор дорад, ки зинаи баъдиаш вобаста ба сохтори инсон даҳаи илм хоҳад буд. Ӯ дар як суҳбат дар барномаи “Бовар”-и Радиои Тоҷикистон таъкид мекунад, даҳаи оянда даҳаи фарҳанги хоси миллии мост, ки ҳоло заминаҳои он сохта шудаанд: “Пайдо шудани Пешвои миллат нишонаҳои пайдо шудани шуури миллат аст. Идеяи ғояи миллӣ қадамҳои аввали худро зада истодааст. Барои ҳамин агар ҳозир гуногунандеширо дар ҷамъият ворид бисозем, сабаби вайрон шудани сохтори фарҳангиву сохтори иҷтимоии мо мешавад. Чунки ҳанӯз идеяи миллӣ ташаккули пура наёфтааст”.
Маҳмуд Кабирӣ дар идома мегӯяд, ҳар андешароние, ки шаҳрванди Тоҷикистон мекунад бояд қувваи созанда дар идеяи миллӣ дошта бошад. Ӯ дар ин суҳбат баъзе аз нозирони иҷтимоӣ ва мақомоти тоҷикро танқид кардааст, ки бештар ба зоҳири кӯдакону наврасон диққат медиҳанд ва ботини онҳоро назорат намекунанд: “Бояд мақомот ба омӯзиш ва андешаронии ҷавонон бештар таваҷҷуҳ кунанд, то онҳо ба эҷодкорӣ ва ихтироъкорӣ бирасанд”.