Бонки миллии Тоҷикистон сухангӯ меҷӯяд
Бонки миллии Тоҷикистон аз эълони озмун барои чанд вазифаи холӣ дар ин ниҳод хабар додааст, ки миёнашон курсии сардори Шӯъбаи матбуот ё сухангӯ ҳам ҳаст.
Сухангӯи акнун собици Бонки миллӣ Абдуғаффор Қурбонов муҳарири маҷаллаи “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ” таъин шудааст. Дар эълони озмуни Бонки миллӣ гуфта мешавад, номзад ба мақоми сухангӯ бояд дорои маълумоти олии филологӣ ё журналистӣ (таҳсилоти олии иқтисодӣ бартарӣ дорад) бошад, кор бо компютерро донад ва забонҳои тоҷикиву русиро дар сатҳи баланд донад. Малакаи таҳлил намудан аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, маҳорати баланди суханронӣ ва ифодаи баён, донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии низоми бонкӣ ва таҷрибаи корӣ дар соҳаи матбуот на камтар аз 5 сол шартҳои дигари озмун ҳастанд.
Бар иловаи курсии сардори Шӯъбаи матбуот Бонки миллӣ инчунин барои ишғоли 12 вазифаи дигар бо шумули сардори Шӯъбаи назорати асъор, сармутахассиси Шӯъбаи назорати асъор ва дигар озмун эълон кардааст.