Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дастгоҳи марказии ҲНИТ иттилоъ доданд, шӯрои сиёсии ин ташкилоти сиёсӣ ахиран бо пахши изҳороте аз парлумони кишвар тақозо кардааст, ки дар наздиктарин ҷаласаи худ мавзӯи боздошту ихроҷи муҳоҷиронро баррасӣ карда, ҳайате аз вакилонро барои ошноӣ бо вазъи муҳоҷирон ва ҳалли мушкили онҳо ба Русия бифиристад.ҲНИТ дар изҳороти худ боздошт ва ихроҷи гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро дар пайи маҳкумияти ду халабони ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД” амали нодуруст номидааст.
Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ҳанӯз имкони баррасии шикояти ду халабони маҳкумшуда дар додгоҳҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ин масъала дар чаҳорчӯби қонунҳои кишвар ҳалли худро хоҳад ёфт. “Бинобар ин, Шӯрои сиёсии ҲНИТ умедвор аст, ки масъулини кишвари дӯст – Русия низ аз боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ҳамчун амали ҷавобӣ ба қазияи халабонҳо даст мекашад”,- гуфта шудааст, дар изҳороти ҲНИТ.
Манбаъ афзуд, дар робита ба ин мавзӯъ баъд аз зӯҳри имрӯз нишасти матбуотии Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ бо доираи васеи хабарнигорони ватаниву хориҷӣ дарқароргоҳи ҳизб дар назар аст
Ёдрас менамоем, Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ду халабони як ширкати русӣ рӯзи 12 марти соли равон ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон бидуни иҷоза ва бо нақзи муқаррароти ҳавонавардии Тоҷикисон дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба замин фаромаданд. Халабонҳо мегӯянд, ки аз Кобул қасди парвоз ба Русияро доштанд ва хостаанд, ки аз Қурғонтеппа сӯзишворӣ дарёфт кунанд.
Додгоҳи Қӯрғонтеппа пас аз баррасии қазияи онҳо, рӯзи 7-уми ноябр ҳардуи ин халабонроо ба 8, 5 соли зиндон маҳкум кард, ки боиси вокуниши бесобиқа мақомот ва ҷомеаи Русия шудааст.