Омбудсмени кӯдак хостори таҳқиқи мунсифонаи латту кӯби иштирокчиёни Ҳолӣ шудааст
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон ба таҳқиқи қазияи латту кӯб ва дашномдиҳии гуруҳе аз наврасону ҷавонон, ки баъди таҷлили ҷашни Ҳолӣ боздошт шудаанд, шурӯъ кардааст.
Раҷабмоҳ Бадриддинова, раҳбари ин ниҳод имрӯз, 19 май ба “Озодагон” гуфт, ба пайгирии ин ҳодиса машғуланд. Ӯ афзуд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ирсоли муроҷиатнома унвонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хостори санҷиши қазия шудааст: “Гуфтем, санҷиш гузаронанад. Асли қазияро муайян намоянд, агар нақзи ҳуқуқ ҷой дошта бошад, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад”.
Ахиран, дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори аудиоии 16 дақиқаӣ нашр шуд, ки ба иттилои ноширонаш дар он лаҳзаи латту кӯб ва дашномдиҳии иштирокдорони ҷашни Ҳолӣ сабт шудааст. Дар шарҳи ин навор навиштаанд, як гуруҳ аз наврасону ҷавонони боздоштшуда дар идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди таҳқир ва латту кӯб қарор гирифтаанд.