Донишҷӯи колеҷи тиббӣ ҳангоми моҳидорӣ ба обанбори Норак афтидааст
Як сокини 20-солаи ноҳияи Данғара ҳангоми моҳидорӣ ба обанбори Норак афтидааст.
Бино ба иттилои як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ин ҳодиса соати 15:30-и 18 май ба вуқӯъ пайвастааст. Аз ин ҷавон Раҳматулло ном бурда мешавад ва ӯ сокини рустои Хоҷашақиқи Балхии ноҳияи Данғара будааст: “Ӯ дар колеҷи тиббии шаҳри Норак таҳсил мекардааст”.
Манбаъ мегӯяд, барои кофтукови ҷасад дастаи зудамали наҷотдиҳии ситоди вилояти Хатлон сафарбар шудааст.