Рэпи тоҷикӣ дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ, табартақсим ва сояи Худо дар замин будани Бобои Эмомалӣ (ВИДЕО)
Як рэпсарои тоҷик дар таронаи худ ба хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ишора намуда, ӯро сояи Худо дар замин ном мебарад.
Baron ё XZ дар ин тарона, ки “Ватан” ном дорад, дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон “қувваи сеюм”-ро муқассир медонад, ки миёни Кӯлобу Ғарм ҷанг андохт. Ӯ аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ҳам мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд. Ин рэпсаро аз ҷумла мехонад:
“Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ,
Пешвои миллатум Бобои Эмомалӣ
Гурезора оварду обод кард, ҳақатан мардай
Касе чизеш намега, мада сояи Худовандай”
Дар ин рэп ба табартақсим ва аз даст рафтани Самарқанду Бухоро ҳам ишора мешавад ва муаллиф мегӯяд, ки “таърихам ҷо шуд дар мулки бетамаддун”.
Дар гузашта чандин овозхони тоҷик дар васфи Эмомалӣ Раҳмон тарона иҷро кардааст, аммо зоҳиран, ин аз камшумортарин таронаҳои жанри рэп аст, ки дар он аз раисиҷумҳур ва хизматҳои ӯ тавсиф мешавад.