“Таксиҳои сесомонӣ” Алиевро аз мансабаш маҳрум карданд: Иқдоми раис нав...
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои камбудиҳои дар умури мусофирбарӣ Абдулҳақ Алиев, директори Муассисаи давлатии комуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» барканор кард.
Тавре аз ҳукумати шаҳри Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Абдулҳақ Алиев 16 май барканор шуда, ба ҷои ӯ Ғаюрбек Искандаров таъин шудааст, ки то ҳол муовини аввали раиси корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» буд.
Тағйироти кадрӣ дар ҳолеянд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев қаблан ба Абдулҳақ Алиев барои ислоҳи камбудиҳо дар мусофирбарӣ, аз ҷумла аз байн бурдани таксиҳои сесомонӣ як моҳ муҳлат дода буд.
Сокинони Душанбе мегӯянд, дар пайи тағйирот ва таъини раиси нави умури нақлиёт назорат барои ҷилавгирӣ аз ҳаракати таксиҳои сесомонӣ ва дигар мусофирбарҳои ғайрирасмӣ пурзӯр шудааст.