Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъини сафири нав дар Узбакистон ва чор кишвари дигар
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18 май бо имзои чанд фармон сафирони нави кишвар дар Қирғизистон, Узбакистон, Малазия, Корея ва Амороти муттаҳидаи Арабро таъин кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон Шарифӣ Баҳодур Маҳмудзода дар Амороти муттаҳидаи Араб, Шарифзода Юсуф Тоир дар Ҷумҳурии Корея, Муҳаммадӣ Музаффар Мунаварзод дар Малайзия, Имомӣ Содиқ Ашурбойзода дар Узбакистон ва Олимзода Сӯҳроб Хоҷа дар Қирғизистон сафир таъин шудаанд.