Боздошти 98 шаҳрванди Чин бо шиносномаи қирғизӣ дар Туркия
Дар Истамбул 98 шаҳрванди Чин ҳангоми талош барои парвоз ба Арабистони Саудӣ бо шиносномаҳои қалбакии қирғизӣ боздошт шудаанд.
Ин уйғурҳо - шаҳрвандони Чин ба фурудгоҳи “Отатурк”-и Истамбул аз Урумчӣ омадаанд. Онҳо ба Қибриси шимолӣ билети ҳавопаймо харида, 16 май пеш аз гузаштани тафтиш як гуруҳи чаҳорнафарӣ ба онҳо шиносномаҳои қалбакии қирғизӣ додааст. Бино бар хабари рӯзномаи “Ҳуррият”, ҳар шаҳрванди Чин барои шиноснома 2,5 ҳазор евро ва барои билети ҳавопаймо 300 доллари амрикоӣ додааст.
Кормандони пулис гумонбаронро ҳангоми омодагӣ барои парвоз ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ тавассути ҳавопаймои ширкати туркӣ боздошт кардаанд.
Тавре расонаҳо менависанд, ин 98 шаҳрванди Чин баъд аз анҷоми тафтишоти расмӣ ба Чин фиристода хоҳанд шуд. Дар бораи шаҳрвандии шахсоне, ки ба онҳо шиносномаи қалбакӣ додаанд, чизе гуфта нашудааст.
Боздошти уйғурҳои Чин бо шиносномаҳои қалбакии қирғизӣ бори нахуст нест. Қаблан низ ҳолатҳои талоши уйғурҳо барои сафар ба Аврупо бо шиносномаҳои сохтаи қирғизӣ сабт шудааст.