Узбакистониҳо дар рабудани шаҳрванди Қирғизистон муттаҳам мешаванд
Дар Русия ду шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳоми рабудани як табааи Қирғизистон боздошт шудаанд.
Дафтари матбуоти Додситонии Маскав гуфтааст, ин ду нафар ҷавони 20-солаи қирғизро ба рустои Петрушинои ноҳияи Ленин бурда, бо телефон аз тағои ӯ барои раҳоияш 120 ҳазор рубл талаб кардаанд: “Ин ҷавон баъди як рӯз дар ҷараёни як амалиёти кормандони пулис озод шуд”.
Манбаъ гуфтааст, парвандаи боздоштшудаҳо барои баррасӣ ба Додгоҳи Нагатин ирсол шудааст.