Нашри феҳрасти муҳоҷирони фавтидаи тоҷик дар Русия
Ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” ному насаби 169 шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз моҳи декабри соли 2014 то июли соли 2015 дар Русия ба ҳалокат расидаанд, нашр кардааст.
Ин ҳаракат мегӯяд, феҳрасти мазкур танҳо аз як сардхона гирифта шудааст. Сабаби марги бештари муҳоҷирони тоҷик маълум нест. Дар ҳолатҳои дигар далели фавти онҳоро ташхиси тиббӣ дар ин сардхона сактаи қалб, лат хӯрдани мағзи сар, ғарқшавӣ ва садамаи нақлиёт гуфтааст.