Икромӣ: Афғонҳо барои шикори бузҳои куҳӣ аз марз мегузаранд (АКСУ ВИДЕО)
Соли 2015 беш аз 100 шаҳрванди Афғонистон марзи Тоҷикистонро дар минтақаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) бо қасди шикори нахчири пармашох ва морхӯр убур кардаанд.
Искандар Икромӣ, раҳбари мамнунгоҳи “Сиёҳриш” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, танҳо кормандони онҳо 112 табааи Афғонистонро, ки бо мақсади шикори ҳайвонҳои нодир аз сарҳад гузаштаанд, боздошт намуданд.
Ӯ гуфт, афғонҳо нахчири пармашох ва морхӯрро, ки дар қиёс ба дигар ҳайвонҳо гӯшти зиёд дорад, шикор намуда, дар бозорҳои он сӯи марз ба савдо мезананд: “Гӯшти нахчири пармашох ва морхӯр бар иловаи серғизо будан, зиёд ҳам ҳаст. Маслан агар вазни навзоди бузи маҳаллӣ 2 кило бошад, аз онҳо ба 12 кг мерасад”.
Шикори зиёди нахчиру морхӯр хавфи ба нобудӣ расидани ин ду ҳайвонро зиёд кардааст. Аз ин рӯ Искандар Икромӣ, ки фориғутаҳсили факултаи бойтории Донишгоҳи аграрӣ аст, бо роҳи дурага кардан мехоҳад насли онҳоро афзоиш бидиҳад. Оқои Икромӣ гуфт, аз соли 2011 ба дурага кардани нахчири пармашоху морхӯр бо бузҳои маҳаллӣ оғоз намуд. Ин раванд дар се марҳила ҷараён гирифта, нахуст онҳоро дар манзилҳо мепоидаанд. Ҳоло 20 сар аз ин ҳайвонҳои дурагашуда қатори дигар чорвои майда дар саҳро чаро мекунанд: “Дар оянда тасмим дорам бо роҳи дурага кардан насли ҷадиди ин ҳайвонҳоро ба вуҷуд биёрам. Зеро аз байн рафтани ин намуди бузҳои куҳӣ шахсан барои ман даҳшат аст”.