Раисиҷумҳури Чин сафири нави Тоҷикистонро қабул кард
Парвиз Давлатзода, сафири навтаъини Тоҷикистон дар Пекин 17-уми май ба Сӣ Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин эътиборнома супоридааст.
Тибқи иттилоияи расмии мақомоти Чин Син Ҷинпин Давлатзодаро ҳамроҳи 11 сафири дигари навтаъин дар толори калони маҷлиси халқии Пекин қабул намуда, саломи худро ба раҳбар ва халқи Тоҷикистон расондааст.
Раисиҷумҳури Чин дар пайи қабули эътиборномаи Давлатзода изҳор доштааст, ки аз фаъолияташ ҳимоят хоҳад кард ва аз ӯ дархост намудааст, ки дар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин саҳмгузор бошад.